Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло онҳо шиносанд,– гўед ва аҷаб нест, ки маслиҳатро ҳам пазонда бошанд?
– Шинос-ку ҳамин хел шиносанд, вале маслиҳатро бе шумо пирони кор пазондан гумон аст. Ҳарчанд замонаҳо дигар шуданд, вале дар масъалаи ҷуфти ҳаётро интихоб кардан бе дуои пирони рўзгордида ҷавонони ин замона ҳам қадаме нахоҳанд гузошт ва имрўз ба ҳамин умед барои фотиҳаи шуморо гирифтан мо ба ин ҷо омадем,– гуфт Фаришта.
Баъди маслиҳату машварати тулонӣ ва гирифтани розигии Дилором дар хонаи алоҳида таклифи меҳмонон пазируфта шуд.
Фаришта ва ҳамроҳонаш аз ҷой бархоста пеши бобои Ҳотам сари таъзим фуруд оварданд. Боз нашавад, ки қудо шудем ҷудо шудем шавад, – гуфт Фаришта ва рухсати рафтан пурсид.
Мўйсафед фотиҳа хонда омин гуфт ва дигарон ҳам даст ба рўй кашида омин гуфта аз ҷой бархестанд…

… 43 …

Баробари вориди бинои милиса шудан навбатдори шуъба хабар дод, ки духтараке занг зада хоҳиш кардааст, ки Абдумаҷидов ба ў занг занад.
– Кӣ будаст он духтарак?
– Номаш Наташа рақами телефонашро нагуфт, вале овозаш ниҳоят маҳин буд.
– Раҳмат гуфт Адумаҷидов ва ба утоқи кориаш рафт.
– Лулиён лаб лаби бом, хапако кора тамом, – гуфт навбатдор .
– Ин суханро барои ман гуфтед?– хандида пурсид ёрдамчиаш Раҳимов.
– Барои ту, эй хандаамро набиёр Шарофуддин,– гуфт Бутаков.
– Шояд барои ана ин Мунавваршо гуфтед?– боз пурсид Раҳимов.
– Туву Мунавваршо ҳамон лулиёни лаб лаби бомед, хапак бошад ин лейтенант Абдумаҷидов аст. Имрўз як духтарак ба ин ҷо занг зада хоҳиш кард, ки ба Абдумаҷидов гўям, ки ба ў занг занад, овози ў чунон маҳин буд, ки ман худам ҳам дасту по хурдам, ана бин чӣ хел балост ин лейтенант Абдумаҷидов. Туву ин Шопуроват ба ғайр аз гап партойии бефоида ва баъзан бо ҳар баҳона аз кор дер мондан дигар чиро ҳам медонед?

пешина
аз 416
навбатӣ