Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 42 …

Фаришта аввалин шуда ба мўйсафед вохўрӣ намуд ва мўйсафедро ҳамчунин пири хирад, марди ниҳоят ҳалиму меҳрубон ба ҳамроҳонаш муаррифӣ намуд. Умуман, Фаришта натанҳо дар зоҳир зебо буд, балки бо сухани хуш морро аз хонааш мебаровард. Ботини ўро на ҳама медонистанд ва баъди ин қадар бардор-бардор ба гумон буд, ки мўйсафед ба духтараш дар бораи гузаштаи Фаришта ҳарфе гўяд.
– Танҳо баъди таом ва бардоштани дастурхон мўйсафед бори дигар меҳмонро хайра мақдам гуфта, сабаби ба кулбаи фақиронаи духтараш ташриф овардани онҳоро пурсон шуд.
Ҳарчанд нисбат ба бародар ва ҳамсояаш Фаришта дар деги муҳаббат бештар ҷўшида обутоб ёфта буд, вале сар базер афканд. Ниҳоят бародараш Шомурод мақсади ташрифи хешро гуфта дод. Мадалиев сар ба зер афканда хело хомўш монд.
Ў бори дигар «касали» он шабаи наберааш ва дўздидани кассаи заводро пеши назар оварда, таъбаш хира шуд. Албатта ин муҳаббати ҳақиқӣ нест ва чунин саросемагӣ ҳам аз рўйи зарурият аст.
– Охир ягон гап занед дадо,– гуфтани Шаҳло мўйсафедро аз байни андешаҳои минбаъда берун овард.
– Чӣ гўям духтарам, он вақте ки ману модарат издивоҷ кардем, ҳатто ҳамдигарро надида будем ва ҳамаи корҳоро ба ҷойи мо қиблагоҳамон ҳал карданд ва ман очаатро бори аввал пас аз тўй дидам. Чӣ хеле мебинӣ то кунун муҳаббати мо, ки оҳиста – оҳиста дар рафти зиндагӣ мустаҳкам шуд шўъла дорад. Ҳолло бошад замона дигар шудааст ва то домоду арўс ҳамдигарро набинанд ба гумон аст, ки ба сухани калонсолон гўш диҳанд,– гўён мўйсафед боз муҳри хомўши ба лаб зад. Ў аслан мехост фаҳмад, ки то кадом андоза наберааш бо писари ин зани шатоҳ шинос аст.
–Гапи шумо дуруст Ҳотам – ака (Мадалиевро чунин ном буд), вале мо бе розигии ҷавонон, ҳатто ҷуръати ба ин хонадон омадан намекардем, – хотиррасон кард Фаришта.
Мадалиев худро тарзе вонамуд кард, ки гўё бори аввал аз ин кор хабардор шудааст.

пешина
аз 416
навбатӣ