Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин ў бе ягон ду дилагӣ таклифи Камолро пазируфт ва ҳатто андаке пас он чиро фаҳмид, ки чандин рўз боз оромаш намегузошт.
– Медонед чӣ акоҷон?
– Чӣ?
– Биё панҷта – панҷта барои муваффақияти корҳои ман гирем.
– Кадом корҳо?
– Модарам ҳамроҳи тағоям ва ҳамсоя барои ман ба хостгорӣ рафтанд.
– Хуш арўс кӣ будааст?
– Он касро шумо мешиносед?
– Аз куҷо?
– Шумо ўро дидагӣ ва ҳатто ҳамсуҳбат шудагӣ?
– Кӣ гуфт?
– Худатон он рўзи омаданатон дар бораи ў пурсон шудед– ку.
– Арўсатон зебост, албатта номаш ҳам зебо будагист?
– Ман барои ў шеъре бофтам.
Бо Дилоромам маро ором нест, Бурда дил аз дасти ман оромро.
– Ин шеъри худат?
– Не, вале ба Дилором маъқул шуд.
– Чанд вақт боз шиносед?
– Қариб як моҳ шуд, хайр биё, ба ҳамин муносибат қадаҳҳоро бардорем.
– Медони чӣ Камолҷон, албата дар хурсандии ту шарик нашудан хаттост, вале ту бояд фаҳмӣ, ки ман наменўшам, чой бошад ин дигар
– Чӣ илоҷ, лекин ман менўшам,– гуфт Камол ва пиёлаи дар дасташ бударо бардошт…
Абдумаҷидов боз каме нишаста, бо Камол хайрухуш намуда гуфт, ки дар рўзҳои наздик вомехўранд.

пешина
аз 416
навбатӣ