Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин амалиёт аз ду дақиқа беш давом накард.
Мазмунашро хонам?
– Майлаш?
– Камол ҳамон ҷавоне, ки он рўз ба суроғи модарат омада буд ва ту ўро Акбар – ако гуфтӣ коркуни милиса бурдааст. Ў ҳамагӣ ним соат пеш ба хонаи мо омада буд ва маро ба милиса даъват намудааст, ба фикрам ў ягон чизро медонад. Эҳтиёт шав ҷони ширин. Дилором».
– Раҳмат Нуралӣ онро гум накунед ва хизматро давом диҳед.
– Хуб шудааст, рафиқ лейтенант,– гўён старшинаи милиса дар он тараф гўшакро ба ҷояш гузошт.
Адумаҷидов гўшаки телефонро ба ҷояш гузошта берун баромада, Дилоромро боз ба утоқи кориаш даъват намуд.
– Чӣ дар милиса ҳамеша ҳангоми зангзанӣ «меҳмонро» аз дар берун мекунанд?
– Ҳамеша– ку, не, вале агар «меҳмон» дар ин кор манфиатдор бошад, ба чунин амал даст задан лозим аст, чунин ҳолатҳо кам мешаванд, мумкин дар як сол як маротиба.
– Онҳо, маълум мешавад, ки ман дар занги ҳозира манфиатдор будам?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Ҳеҷ боварам намеояд.
– Ба чӣ?
– Нисбат ба оне, ки ин занг ба ман дахл дошта бошад.
– Агар шумо аз хонаатон рост ба милиса меомадед, дар паси дар истоданатон лозим намеомад, вале маълум мешавад, ки шумо роҳи ростро хуш надоред.
– Чиро дар назар доред?
– Гўё, ки намедонед?
– Ман фолбин нестам.
– Инашро медонам.
– Пас кадом рафтори ман боиси ранҷиши хотири ҳомиёни қонун гаштааст?

пешина
аз 416
навбатӣ