АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҳанўз дар солҳои мактабиаш чандин бор чизу чораи ҳамсояҳоро дуздид, вале модар ўро тарафдори карда мегуфт, ки шумо писари маро чашми дидан надоред. Аз ҳимояи модар Камоли хурдсол бештар руҳу илҳоми нав гирифта корашро давом медод.
Ҳамин тавр сўзандўзд оқибат шутурдўзд шуд. Боре шабона гўсфанди калонеро дуздида ба ҳавлиашон оварда ғасб намуд, вале модар чизе нагуфт. Баръакс ҳамроҳи писар гўшти онро нўши ҷон кард…
Вақте, ки модар дар завод кор мекард, ў калидҳои кассаро дуздид. Модар гумон дошт, ки калидҳоро гум кардааст.
Ҳамеша дар хавфи он буд, ки калидро ягон кас ёфта, кассаро ғорат мекунад. Нусхаи дуюми онҳоро на бештар аз се моҳ истифода бурд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез шуду бо хоҳиши худаш аз кор рафт…
Танҳо баъди як моҳи аз кор рафтанаш калидҳоро аз хонааш ёфта, хост онҳоро бурда дар завод ба кассири нав супорад, вале Камол он калидҳоро дар дасти модар дида, бо як ҷанг задан онҳоро рабурда гуфт:
– Аз баргардонидани ин калидҳо ба ту чӣ фоида оча?
Модар ҳарчанд кушид, ки калидҳоро аз дасти писар баргашта гирад, нашуд.
– Чиз сад рўз дар бору як рўз даркор,– гуфт Камол ва аз ҳавлӣ бадар рафт. Модар дигар он калидҳоро надид. Имрўз Фаришта суханои Камолро ба ёд оварда дилаш реш – реш шуд.
Ў дарк кард, ки Камол ин дафъа мазаро аз қайла гузаронидааст. Ў ба илтимосу илтиҷойи писар гўш дода, ниҳоят гуфт.
– Сад ҳайф, ки ман дар вақташ лаҷоми туро накашидам ва акнун на баҳс фойда дораду на сўзу надомат.
– Пас чӣ кор кунем?
– Пулҳои дуздидаатро ду тақсим кардан даркор.
– Чӣ гумон мекунӣ, ки пулҳо дар дасти мананд?
– Бе гумон ҳам ин маълум аст.
– Иштибоҳ мекунед оча.
– Набошад тарси ту аз набераи қаровул баҳри чист?
– Охир ман тарҳрезӣ амалиёти зормонда будам,. вале дузд дигар кас аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо