АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Гумони бад кардан лозим нест оча, ману Акбар ҳамин хел шиносем.
– Чӣ хел ҷавони зебо. Шумо чанд вақт боз шиносед?
– Аз ҳамон вақте, ки ман чатрашро оварда будам.
– Аз 8 март.
– Ҳа.
– О, он вақт гуфтӣ, ки чатр аз домодат.
– Гуфтам.
– Ҳоло чӣ?
_ Ҳоло не.
– Чаро?
– Модоме, ки ҷуръат карда омадааст, албатта, ягон гап мегуфтагист.
– Ба фикрам хоби имшаб дидаат баромад.
– Чӣ шумо манро аз чанголи гург халос кардани нестед?
– Не, агар ҳамин гург туро бурдани бошад, мо ба бахтат зомин шудани нестем. Хайр, акнун ба назди меҳмон рав. Ман ҳозир дастархон меорам.
– Биё, ман барам.
– Майлаш.
Наташа ба меҳмонхона омада, дастурхон орост, падар ва меҳмонро ба сари дастурхон таклиф кард.
Ҳарчанд Абдумаҷидов наменўшид, вале суханони Василий Василевичро шикаста натавонист…
Соли навро ў дар хонаи маъшуқааш пешвоз гирифт. Он шаб то субҳ касе хоб накард ва дар рафти суҳбат Абдумаҷидов ҷасорат пайдо намуда, дасти Наташаро аз волидайнаш пурсид…
… 35 …
Камол дар ҳақиқат эркатулвор буд. Ў дар оила танҳо ба воя мерасид. Модар ҳама инҷиқиҳои писарро мебардошт. Дар завод ўро ҳама мешинохтанд. Меҳри падарро надида буд, муҳаббати ягонаро аз модараш дарёфт. Аз хурдиаш чун соя аз қафои модар буд. Баъзан ўро модар ба хонаи бобою бибиаш мефиристод,вале Камол аз як ҳафта зиёд намеистод.
Мактаби миёнаро бо азобе хатм кард. Ў ҳеҷ гоҳ ба мактаб ҳам дилбастагӣ надошт. Вақте мактабро хатм кард гуфт, ки хайрият ҳамин бори гарон аз пуштам афтид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо