Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар милиса туро дастгир намояд, ман чорае андешида наметавонам.
– Агар қаровул дар ин бора налақад милиса аз ўҳдаи ин кор намебарояд.
– Аз ҳамин дуздии зормонда барои ту чӣ монд?
– Нисфи маблағи аз касса бурдашуда?
– Ин чӣ қадар мешавад?
– Даҳ ҳазор.
– Беҳтараш ҳамин нисфи пули гирифтаатро ба набераи қаровул деҳу вассалом.
– Ман ҳамин гапро ба Дилором гуфтам, вале ў розӣ нашуд.
– Набшад ў чӣ мехоҳад?
– Талаби ягонаи ў ба хонаашон хостор фиристодан аст.
– Агар дигар кас мешуд, ман худи ҳозир ба хонаашон хостгор мефиристодам, вале ба гумон аст, ки Мадалиев гапи хостгорҳои моро гирад.
– Шумо хостгор фиристед он тарафашро худи Дилором ҳал мекунад.
– Ба куҷо хостгор фиристем?
– Ба хонаи модараш?
– Ин хел бошад майлаш, пас фардо хостгорҳоро мефиристам.
– Аз ту фақат як чизро пурсидани будам.
– Чиро?
– Кист оне, ки кассаи заводро ғорат кард?
– Инро, ман ба касе нахоҳам гуфт, аз ҷумла ба ту ҳам.
– Чӣ ту аз ў метарсӣ?
– Не, вале ман ба ў қавл додам…

… 35 …

Шаҳлоро ҷуз ба тақдир тан додан чорае намонда… Ў суханони Дилоромро шунида, ба тақдири бади хеш ҳазорон лаънат хонд. Агар шавҳараш аз хона намерафт, эҳтимол чунин ҳодиса рух намедод.
Дилором гуфт, ки Камолро дўст медорад, вале ў ба суханони духтараш боварӣ надорад. Падараш ҳам дар бораи рафтори Дилором гап зад, вале ҳамин тарафи масъаларо накушод.

пешина
аз 416
навбатӣ