АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чӣ гўям бачам, то ҳоло аз болои ману бибиаш ҳарфи баде нагуфтааст, вале акнун ў арўс шудагӣ ва ба назорати бештаре эҳтиёҷ дорад.
Кампир дастурхон густурда чой овард ва онҳо боз хело суҳбат намуданд…
– Бобо дар бораи собиқ кассир чӣ гуфта метавонед?
– Чӣ гўям бачам?
– Ҳар чӣ нисбат ба ў медонед.
– Шумо ўро дидаед?
– Не.
– Дар ҷинси зан аз ў зебояш нест, аммо чӣ кунем, ки…
– Чаро хомўш шудед бобо?
– Одобаш баробари ҳуснаш нест.
– Чӣ хел?
– Ў дар пеши чашми ман калон шудагӣ, агар шарафашро нигоҳ медошт, барои ҳар бачамард зан буд, вале ҳусни худодод ўро мағрур сохту, қадри шавҳарашро надонисту кетарӣ (даст ба даст) шуд…
Тамоми роҳ, ўро як фикр ором намегузошт, кадом риштае набераи мўйсафедро бо хонадони Маҳмадова мепайвандад.
Суханони пиразани ҳамсояи Маҳмадова дар гўшаш садо доданд… « Чӣ хел намедонад ў аз сари субҳ, то ҳоло дар ҳамин ҷо буд. «Не ҳамроҳи он сағираи оқипадараш»… Мўйсафеди бечора аз куҷо донад, ки наберааш…
Ҳарчанд дар донишгоҳ ақидаи олимони ҷаҳони сармояро дар бораи бо роҳи хусусиятҳои ирсӣ гузаштани генҳо аз падару модар ба фарзандон рад намуданд, вале зиндагӣ маҳз ҳамин нуқтаи назарро собит мекард…
Бувад покизатинат поккирдор.
Зинозода набошад, ҷўз зинокор
– Магар Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар асри понздаҳ умр ба
сар бурдаасту дар хоксори касе ба ў баробар нашудааст, зодаи
ҷаҳони сармоя (капиталистӣ) буд. Чаро онҳое, ки моро аз
ашъори Ҷомӣ дарс медиҳанд, ҳамин нуқтаи назари шоирро ба
инобат намегиранд. Модоме, ки Маҳмадова (агар суханони
Мадалиев рост бошанд) чунин рафтор дошта будааст, пас чаро фарзанди ў Камол аз модараш қафо монад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо