Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин бора ў ба подполковник Орзўев ақидаи хешро иброз намуд.
– Ҳеҷ гап не, кам роҳбароне ҳастанд, ки дар фикри табрики зердастон бошад ва ин таҷрибаи роҳбарии Григорий Александрович танҳо боиси таҳсин аст, гуфт Файзулло Абдуллоевич…

… 31 …

– Ҳа, писарам дар ин ҷойҳо?
Ў ба тарафи овоз гашта, дар рў барўяш Мадалиевро дид.
– Ба хонаи як рафиқам рафтаниам.
– Аз назди ҳавлии мо гузашта, як пиёла чойамонро нагиред чӣ хел мешавад?
– Ҳаминаш намерасид,– аз дил гўзаронд ў.
– Дудилагии ўро дида мўйсафед гуфт, ки агар ман гуноҳе дошта бошам, маро ҳабс кунед, вале аз назди ҳавлии ман гузашта, як пиёла ҷойямонро нагирифтан хуб нест.
– Ў дилу бедилон ба ҳавлиии мўйсафед даромад. Мўйсафед меҳмонро ба кампираш ки дар назди ҷўйҷа ба шўстани косаю табақ машғул буд, муаррифӣ намуда, амр кард, ки дар меҳмонхона ҷой партояд.
Абдумаҷидов вориди меҳмонхона гашту чашмаш ба як сурати дар девор овезон буда афтод.
Ў лолу карахт ба расми дар девор буда менигарист…
Мўйсафед авзои ўро пай бурд магар, ки гуфт:
– Ин кас набераам Дилором, донишҷўйи омўзишгоҳи тиббӣ…
Аз суханони мўйсафед ба худ омада, ҳатто шарм дошт.
Мўйсафед меҳмонро хайрамақдам гуфта, фотиҳаи кутоҳе хонда омин гуфт.
То овардани дастурхон мўйсафед бо сузу гудоз аз аҳволи хеш нақл кард. Ана, ҳамин хел писарам, агар маро писаре мебуд, магар дар чунин сину сол кор мекардам. Дилором то ба наздикӣ ҳамроҳи мо буд, акнун дилам ҳам аз ў монд. Ҳоло ба хонаи модараш рафтааст.
– Ў Шуморо хафа кард?

пешина
аз 416
навбатӣ