АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Боварӣ дорам, ки рафти тафтишот ҳам бегуноҳии Акопиянро собит хоҳад кард…
… 30 …
Субҳи 31 декабр ҳаво яку якбора вайрон шуд. Абрҳои сиёҳе фазои шаҳро пушонданд. Мардум аз чунин тағирёби боду ҳаво на рўҳафтода, балки хўрсанд шуданд. Ҳама орзў мекарданд, ки пеш аз соли нав барф борад. Инро мардум як фоли нек мепиндоштанд. Абдумаҷидов ба милиса омад. Ў мехост, ки ҳарчи тезтар то нисфирўзӣ корҳояшро ба анҷом расонаду бегоҳӣ ба хонаи Наташа равад. Аз рўйи плани пешакӣ бояд сари субҳ ба маҳалаи зисти қаровули заводи хишт Мадалиев мерафт ва маълумоте барои тафтишот ба даст меовард. Вале кори хона ба бозор рост наояд гуфтагӣ барин ҳайати шахсиро навбатдор ба маҷлиси назди сардори ШКД, ки соати даҳ баргузор мегардид хабар кард. Ҳарчанд то оғози маҷлис ду соат вақт буд, вале ин барои рафту омад ба маҳалаи зисти Мадалиев басанда набуд. Ў ҳамчун падар маҷлисбозиро хуш надошт. Падараш мегуфт, ки маҷлисбозӣ ин як зарбаи бузургест ба кори милиса…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба утоқи кориаш баромада, то оғози маҷлис ба хондани фармону дастурамалҳое, ки фаъолияти бахши ҷустучўи ҷиноятиро ба низом медароранд сар кард. Ў баъзе аз қисмҳои фармону дасмтурамалро ба дафтари махсуси кориаш, ки дар гўшаи рости он «махфӣ»
навишта шуда буд, рўйбардор намуд. Охир барои ҳалли кори ночизе ба котибот давида рафта, фармону дастурамалро гирифтан маъние надорад. Дафтар бошад ин дигар гап, ҳамеша дар зери даст. Фақат онро то лаҳзаи зарурӣ дар говсандуқ пинҳон кардан лозим меояд, чунки дафтар ҳам яке аз ҷузҳои дорои маълумоти махфӣ дошта ба ҳисоб меравад ва он дар котобот бо муҳру рақам махсус ба қайд гирифта шудааст.
Дар вақти таъиншуда маҷлис сар шуд. Дар маҷлис сардори ШКД Кирилчик Г. А. баромад намуда, ҳайати шахсиро ба фарорасии соли нави масеҳӣ табрик намуд. Умуман маҷлис понздаҳ дақиқа давом кард. Ана ёбу гир, барои понздаҳ дақиқа ҳайати шахсӣ ки қариб дусад нафар буданд, расо ду соат интизор шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо