Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки се сол боз дадом боре ҳам дари хонаи моро накушод.
Шаҳло каме ором шуд. Дар ҳақиқат дар ин бора ҳақ ҷониби Дилором буд ва маҳз ҳамин сухан модарро аз қадамонии минбаъда, ки оқибаташ ноайён буд боздошт…

… 29 …

Омўзиши дафтари рўзгори кассир якранг ва ҳатто дилгир кунанда буд. Татяна Ремезовна тахминан ҳашт сол пеш бо сокини ҷумхурии мо Акопиян Ашод Хачатурович ба шавҳар баромада ба Душанбе омад.
То он вақт ў дар шаҳри Кировободи Ҷумхурии Озорбойҷон зиндагӣ дошт. Ситорааш бо шавҳари пештарааш Бабаджанян Артур рост наомад ва онҳо ҷудо шуданд. Аз никоҳи аввал Разана ном духтари шонздаҳсола ва аз никоҳи дуюм Сўзана ном духтари шашсола дорад. Маълумоташ миёнаи махсус– техникуми иқтисоди шаҳри Ереванро хатм кардааст. Аз баски як бор дар зиндагӣ пешпо хўрдааст оиларо муқаддас медонад.
Шавҳараш Ашод Хачатурович дар яке аз трестҳои сохтмонӣ муҳандис– бинокор аст. Муносибаташ бо ҳамсоя ва ҳамкорон хуб аст. Зиёфатҳои бошукўҳро хуш надорад ва ҳамеша аз чунин зиёфатҳо канораҷўӣ мекунад… Разана дар синфи даҳум таҳсил дорад ва нияти ба факултаи таърихи ДДТ дохил шуданро дорад. Татяна Ремезевна аз Разана умеди калон дорад. Соати 23– 47 дақиқа ў ҳамсояаш Зарифморо, ки аз Кўлоб занг зада буданду аз бемории модараш хабар доданд ба телефони хонааш ҷеғ зад. Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои шабакаи телефонии шаҳрӣ маълум шуд, ки маҳз аз шаҳри Кўлоб ба телефони хонаи Акопиян занг задаанд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бегоҳӣ лакоту хаста, бе ягон «дастовезе», ки ба рафти тафтишот ёрӣ расонад ба милиса омад ва аз натиҷаи кораш ба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Орзуев ҳисобот дод.
Чӣ хубест, ки дар бораи кассир суханони нек овардӣ.
Фаҳмидамон, ки вазифаи мо на танҳо ба шахси бегуноҳе бо шубҳа нигаристан, балки доғеро аз рўйи чунин шахсон бардоштан аст.

пешина
аз 416
навбатӣ