Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О, лаънатие боз худро сафед карданиӣ?– гуфт модар ва аз кокулҳои Дилором дошта кашолакунон ўро ба хонаи дарун дароварда, ба сараш дод зада гуфт, ки шаб дар куҷо будӣ?
– Дар хонаи як дугонаам.
– Ном ва суроғааш?
– Номаш Парӣ суроғаашро ҳамин хел нишон дода метавонам, вале рақаму кўчаашро намедонам.
– Ў дар куҷо кор мекунад?
– Ман бо ў дар бозор шинос шудам.
– Чӣ хел дар бозор?
– Ҳамин хел дар бозор.
– Гўш кун, эй падарлаънат, ту аз ман омадию боз маро фиреб доданиӣ, ҳа, гўён кокулони Дилоромро ба гулўяш печида ўро бўғӣ карданӣ шуд.
Дилафрўз доду вой гуфтани апаашро шунида, бо азобе апаашро аз ҷанголи модар, ки аз хашму ғазаб дарандаеро мемонд халос кард…
– Моро танҳо гузор,– гуфт модар ва Дилафрўз аз хона баромад.
– Росташро гап зан, вагарна ё ту ё худамро мекўшам!
– Ман гуноҳе надорам оча, бовар кун,– гуфт Дилором ва муҳри хомўшӣ ба лаб зад.
– Гап зан чаро хомўшӣ? – Дар давоми ҳафта ту беҳаё ду шаб дар хонаи бобоят набудӣ! Ба зами ин ба онҳо дурўғ гуфтаӣ, ки дар ин ҷо будӣ!
– Чӣ гўям оча, охир ту маро бовар намекунӣ– ку,– гуфт духтар ва боз хомўш шуд.
– Магар ба ту ва ту баринҳоро, ки шабҳо дар кадом гўр мегардед бовар кардан мумкин аст?
– Пас чӣ лозим пурсидан?
– Дилафрўз!– дод зад Шаҳло.
– Чӣ оча.
– Рафта дадоятро ҷеғ зан, бигузор омада духтарашро бинад.
– Не лозим нест оча, агар куштанӣ бошед, маро худатон кушед, дадоямро ҷеғ назанед,– илтиҷо кард Дилором.
– Чаро?

пешина
аз 416
навбатӣ