АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 28 …
Мастураи хўрдакак, ки дар берун машғули бозӣ буд аз дур модарашро дида, ба истиқболаш шитофт. Шаҳло чун ҳарвақта духтарашро ба оғўш нагирифт, набўсид ва навозише ҳам накард. Ин рафтори модар духтарро ба ҳайрат оварду лаҳзае пас вориди хонаи модар шуд ва модарро бо чашмони ашколуд дид…
– Ба Шумо чӣ шуд оча?
– Маро ба ҳоли худ гузор.
– Шояд духтур ҷеғ занам?
– Гуфтам– ку, маро ба ҳоли худ гузор.
Дилафрўз берун баромад.
Шаҳло суханони падару модарашро ба ёд оварда, дилаш аз одаму олам монд. Наход Дилором ақлашро хўрда, ба роҳи бад рафта бошад…Не, не, ин ҳеҷ мумкин нест…
Зан, ки худояш адаби нафс дод,
Сар диҳаду тан надиҳад дар фасод 7
Дилафрўз дарро кушода хабар дод, ки Дилором омада истодааст.
– Дар куҷо?
– Ў дар берун ҳамроҳи Мастура гап зада истодааст.
Модар ашки чашмонашро пок карда, ба Дилафрўз гуфт, ки аз хона набарояд ва худаш ба пешвози Дилором рафт.
Дилором бо як кибру ғурур вориди хона шуд. Шаҳло худро ба даст гирифта пурсид, ки Дилором аз куҷо омад, чаро ба дарсаш нарафтааст?
– Имрўз якшанбе– ку очаҷон, ё фаромўш кардед? Бибиам гуфт, ки рафта очаатро хабар гир.
– Кай аз хонаи бибат хестӣ?
– Як соат пеш.
Шаҳло дигар тоқат накарда, як торакии обдоре ба рўйи духтараш фаровард.
– Охир ман чи гуноҳ кардам, оча!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо