АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 27 …
Писарбачаи даҳ– дувоздаҳсолае, ки дарвозаи ҳавлиро ба рўйи Раҷабов кушод, ўро ба хона таклиф кард. Раҷабов аз писарбача дар куҷо будани бобояшро пурсон шуд ва чун боварӣ ҳосил кард, ки мўйсафед дар хона аст, аз қафои писарбача ба тарафи ҳавлӣ рафт. Дар пешайвони хона чашми муфаттиш беихтиёр ба соати калони деворӣ бархўрд…
Писарбача Раҷабовро ба меҳмонхона дароварда, хайра мақдам гуфт ва худ берун баромад, лаҳзае пас баргашта хабар дод, ки бобояш баъди адои намоши пешин меояд. Зане вориди меҳмонхона шуда, бори дигар меҳмонро хуш омадед гуфту дастурхон густурда гуфт, ки тағояш ба масҷид рафтааст.
– Чи расми хубест расми тоҷикон,– аз дил гузаронд Раҷабов, – кассе, ки ба хона ташриф намояд, ўро меҳмон пиндошта иззаташро ба ҷо меоранд. Зиҳӣ чунин халқе бо чунин дили бузург…
Мўйсафед баъди ним соат ба хона омада, ҷавони ношиносеро дида, даст ба дуо бардошт. Бо меҳмон боз хело суҳбат кард ва дар рафти сўҳбат боре ҳам сабаби ташрифи меҳмонро напурсид. Раҷабов ниҳоят ба сари мақсад омада, сабаби ташрифи хешро шарҳ дод.
– Бобохони Саид нақлашро ҳамон хеле, ки чанд рўз пештар бо Абдумаҷидов гуфта буд, бе каму кост ба самъи меҳмон расонд.
Ба саволи муфаттиш дар бораи вақт мўйсафед чунин посух дод.
– Писарам касе, ки вориди ин хона мегардад хоҳу нохоҳ чашмамш ба соати деворие меафтад, ки дар берун овехта шудааст ва ман боварӣ дорам, ки Шумо ҳам онро дидед ва вақте, ки ман ҳам аз берун ба хона даромадам дар рўшноии чароғи барқӣ чашмам ба он соат бархўрд, ки ақрабаки соат сею панҷ дақиқаро нишон медод.
Раҷабов нишондоди Бобохони Саидро ба протоколи пурсиши шоҳид дарҷ намуда, онро ба мўйсафед хонда дод ва Бобохони Саид суханонашро бо имзои хеш тасдиқ намуд.
Сафар Раҷабов ба мўйсафед худоҳофизӣ намуда берун баромад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо