АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 26 …
Шаҳло, о дар ин сари сўбҳ аз куҷо? Ё он духтари беҳаёат туро барои ҳимояаш фиристод, лекин дониста мон, ки дигар пойи ў ин хонаро нахоҳад дид, – гуён кампир ба истиқболи духтараш омада вохўрӣ кард.
– Оча.
– Лаббай.
– Ҳоло дар бораи Дилором гап задӣ?
– Боз дар бораи кӣ мешуд? Оё ў худаш ҳеҷ чиз нагуфт?
– Ман як моҳ боз ўро надидам, дирўз дадам омада ким чи пурсон шуд, имрўз– худат он чӣ ки дар дил доштӣ гуфтӣ, худоё худаш чӣ гап, ман ҳеҷ чизро намефаҳмам.
– Чӣ, мегўйӣ, ки як моҳ боз ўро надидаӣ?
– Ҳамин хел оча, ман ўро як моҳ боз надидам.
– О, дирўз бегоҳӣ аз хона баромад, ман гумон кардам, ки…
– Чӣ?
– Дирўз бегоҳӣ аз хона баромад, ман гумон кардам, ки ба хонаатон рафтааст.
– Не, ў дар хона набуд, ман бошам аз суханони дадом ташвиш шуда, ба ин ҷо омадам, акнун ман чӣ кор кунам, оча, – ашки чашмонашро пок карда гуфт Шаҳло.
Кампир мехост чизе гўяд, вале мўйсафедаш ба хона даромаду суханаш ногуфта монд. Шаҳло аз ҷой ба истиқболи падар хеста вохўрӣ намуд.
– Падар ашки чашмони духтарашро дида бошад ҳам худро тарзе вонамуд кард, ки надидааст. Маҳз ҳамин рафтори ў Шаҳлоро ба андеша водор сохт. Ў ба хулосае омад, ки Дилором бобою– бибиашро сахт ранҷондааст, вале ин кор чӣ хел шудааст? – ў намедонад.
Вақте, ки падар ўро ба асли воқеа огоҳ кард, оҳи пурсўзе кашида, лаҷоми гиряро сар дод. Ў ба хулосае омад, ки ба сари оилааш «Форс – Мажор» омадааст.
– Акнун ман сарамро ба куҷо занам, дадаҷон,– гуфт Шаҳло. – Ба падараш чӣ ҷавоб медиҳам?
– Эй биё мон, бар падари падараш… Худаш ҳам мисли падараш, ў пай бардоштаву духтараш пай монда,– гуфт мўйсафед.
Шаҳло бо дили зору синаи афгор хонаи падарро тарк кард…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо