АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар давоми чор рўз аслан дигаргуние дар дохили ин парвандаи ҷустуҷўи пайдо нашуд. На пурсиши Акопиян ва на пурсиш Мадалиев дигаргуниеро дар рафти тафтишот дохил накарданд.
Коргарони завод нисбат ба Акопиян ақидаи мусбӣ доштанд ва ўро чун коргари хуб муаррифӣ намуданд, вале нисбат ба қаровул фикру ақидаи мухталифе мавҷуд буд, маҳз ҳамин гуногунназари ўро ором намегузошт. Дар нишондоди Мадалиев омада буд, ки ҳамон шаб ў дар хонаи шафти касса (утоқӣ кори инженер – энергетик) буд ва каме ғанабаш бурдааст. Аз рўйи нишондоди қаровул ин соатҳои чор– чору ним будааст. Вале аз гузориши Абдумаҷидов бармеояд, ки ҳангоми суҳбат бо мўйсафед Бобохони Саид, ки аз акоси сагҳо берун баромада шахси ношиносеро дидааст, ки ба тарафи поён меравад соат се будааст. Канӣ мантиқ? Кадоме аз ин ду нафар вақтро нодурўст нишон додаст. Бобохони Саид? Не, барои ў аз дурўғ гуфтан манфиате нест. Ба ҳар ҳол як бор худам бояд ўро бинам. Шояд бо даъватнома ҷеғ занам? Не, беҳтараш худам равам.
– Дар масъалаи Акопиян чӣ? – аз дил гузаронд Раҷабов.
Ҳарчанд сигорети «Ахтамар» як ҷузъи хурде ба муқобили ўст, вале фикри умумиро мадии назар кардан аз рўйи инсоф нест.
Дар ҳақиқат сигорети «Ахтамар» – ро танҳо шахсе оварда метавонад, ки ба сарзамини Кафказ сафар кардааст. Аниқтараш ба Арманистон рафтааст. Дирўз Сафар Раҷабов ба мактуби хеш, ки ба Вазорати савдо ва «Тоҷикматлубот»
фиристода, буд ҷавоб гирифт. Ҳар дуи ин идораи муътабар хабар дода буданд, ки ягон бор чунин навъи сигорет ба ҷумҳури дохил нашудааст.
Агар худи Акопиян бегуноҳ бошад, пас шахсе, ки ба ин кор даст задаст ўро нағз мешиносад ва бо ҳамин роҳ ба қавли Абдумаҷидов мехоҳад тафтишотро ба гумроҳӣ андозад. Ин тарафи масъаларо ба худи Абдумаҷидов вобаст менамоям, худам бошам худи ҳозир ба хонаи мўйсафед Бобохони Саид меравам, то ки дурустии вақтро муайян намоям. Танҳо баъди ин аз нав Мадалиевро барои пурсиш ҷеғ мезанам. Фаҳмидани вақт ин далели раднашавандаест барои ў,– гўён муфаттиш аз ўтоқи кориаш берун шуд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо