Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Руҳафтода нашавед.
– Чӣ хел руҳафтода нашавам? Охир аз байн се рўз гузашт, вале то ҳанўз ягон маълумоте ба даст наовардаем. Дар завод мардум бо умед ба милиса менигаранд, мо бошем…
– Кор ҳам чун роҳ аст, ки он нишебу фарозиҳо дорад, гўй ки Маҳмадоваро пурсидӣ?
– Дирўз ба хонааш рафта будам, вале ўро наёфтам, ба шаҳри Чкаловск рафта будааст.
– Пас то омадани ў интизор мешавем?
– Не, албатта, дастро болои даст монда интизор шудан маъние надорад, ба замми ин фардо бегоҳ бояд Маҳмадова биёяд, то он вақт бошад дафтари рўзгори кассир ва қаровулро варақ задан, ба фикрам, аз манфиат холӣ нест.
– Майлаш, имрўзу фардо ҳамин корро бинед.
– Рухсат диҳед равам.
– Аз пайи кор шавед…
… 24 …

Чанд вақт шуд, ки Дилоромро надидаӣ гуфтани падар тамоми рўз дар гўшаш садо дод. Гўё мўйсафед намедонад, ки чанд вақт шуд. Тамоми шаб ўро хоб набурд? Чаро мўйсафед чунин гуфт? Ў суханони падарро ҳарчанд дар тарозуи ақл баркашид, вале ҷавобе наёёфт. Субҳ аз хоб хеста, корҳои хонаро ба зимаи Дилафрўз (духтари хурдиаш) гузошта, роҳи хонаи падаро пеш гирифт.
Се сол боз Шаҳло бори зиндагиро танҳо ба душ дорад аз ин рў чун ҳарвақта имконияти аз ҳоли пиру кампир хабар гирифтанро надорад. Се сол боз шавҳараш аз пайи дигаре рафт. Акнун тарбияи фарзандони хурдсол Дилафрўз, Маҳин ва Мастураа ба зимааш. Дилором бошад дар хонаи падараш.
Шавҳараш аз ў рафт то, ки аз дигаре соҳиби писар шавад, вале зани наваш ҳам барояш ду духтар зоид…
Бо ҳамин фикру хайёлҳо ў вориди ҳавлии падар шуд…

… 25 …

Лейтенанти калони милиса Раҷабов коғазҳои дар истеҳсолот будаашро аз назар гузаронида, папкаи аз ҳама тунукро болои мизи кориаш гузошт.

пешина
аз 416
навбатӣ