АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Бобоям ба хулосае омадааст, ки он шаб ман бо супориши касе худро дурўғ касал вонамуд сохтаам ва ба ин восита барои дўздидани касса ёрӣ додаам.
– Дар ин бора кӣ ба ту гуфт?
– Бибиам ва ман рости гапро гуфтам.
– Ту чӣ девона шудаӣ, о ман аз ту илтимос намуда будам, ки…
– Ана барои ҳамин ҳам ман омадам, ки пеши ин роҳро гирам.
– Чӣ хел?
– Ҳарчи тезтар модаратро ҷеғ зану хостгорҳоро ба хонаи мо фирист.
– То очам наояд ман ягон коро ҳал карда наметавонам.
– Метавонӣ.
– Чӣ хел?
– Ба таври таъҷили ўро ҷеғ мезанӣ.
– Беҳтараш рафта бобою бибиатро ором кун, модарам бошад пасфардо меояд.
– Ман ба бибиам ҳамаашро гуфтам ва хоҳиш намудам, ки бобоямро ором намояд. Ў шунида гуфт, ки ин ҳамон Камоли писари Фаришта аст.
– Ту чӣ гуфтӣ?
– Чӣ ҳам мегуфтам? Барои ҳамин аз кампир рухсат гирифта ба ин ҷо омадам.
– Вақте, ки ту аз ин ҷо баромадӣ ягон касро дидӣ?
– Ҳамон кампири ҳамсояатонро, ки аз тиреза нигоҳ меку– над. Боз як ҷавони зеборо , ки хонаи Шуморо пурсид.
– Ту хонаро нишонаш додӣ?
– Не, гуфтам, ки чунин касро намешиносам.
– Пас ў аз куҷо фаҳмид, ки ту дар ин ҷо будӣ?
– Ман аз дур дидам, ки ў ҳамроҳи ҳамон кампири ҳамсояатон гап мезад.
Он шабро ҳам Дилором ҳамроҳи Камол гузаронд.
… 23 …
– Корҳо чӣ хел?
– Бад, рафиқ подполковник.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо