АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ташаккур бори дигар, модаратон биёяд ҳатман меоям.
– Он кас бегоҳии соли нав меоянд, агар имконият бошед биёед, якҷоя соли навро қайд мекунем.
– Бегоҳии соли нав омада наметавонам, вале баъди соли нав ҳатман меоям,– гуён ў бо Камол худоҳофизӣ намуд…
… 22 …
– Дилором.
– Лаббай.
– Дар ин бевақтӣ аз куҷо?
– Чӣ дар ҳамин пеши дарвоза меистем, ё аллакай ягон «раҳгўмзадаи» дигарро барои вақтхушиат овардӣ?
– Марҳамат дарою бо чашми худ бин?
– Чиро?
– Ҳамон раҳгумзадаро.
Ў вориди ҳавлӣ шуд.
Камол дарвозаро маҳкам карда, духтаро ба хона таклиф кард.
Дилором чун боварӣ ҳосил кард, ки касе нест, ҷисми худро болои дивани мулоим партофт.
– Хуш, чӣ гап шуд, ки аз роҳат гаштӣ?
– Савдои хона ба бозор рост наомад,– гуфт духтар.
– Чӣ хел?
– Аз кору бори мо бибию бобиам огоҳ гаштанд.
– Чӣ? Аз кадом кору бор?
– Ҳам аз ону ҳам аз инаш.
– Дурустар гап зан, охир ҳеҷ чизро намефаҳмам,– гуфт Камол.
– Ин субҳ бобиамро муфаттиш ҷеғ зада барои хунук– назариаш вақти хизмат (ҳангоми қаровулӣ) танбеҳ додаст ва гуфтааст, ки агар рости гапро нагўяд, ки шаби 26 ба 27 декабр дар куҷо будааст аз болояш кори ҷиноятӣ оғоз мекунад.
– Хайр ин чӣ пайвастагие дорад ба муносибати мо?
– Ҳамаи гап дар ҳамин, ки пайвастагии росхата дорад.
– Гап зан охир.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо