АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ў бори сеюм занги дарро пахш кард. Ҷавон фаҳмид, ки нияти занг зананда қатъист аз ҷой бархоста берун баромад. Боз чӣ мехоста бошад? Модарам ўро духтари гулу гўмроҳ мегуфт.
Акнун нест, ки ин гулу гумроҳа бинад. Бо як хаттои хеш маро якумр пойбанди ин сабукпой намуд. Акнун маро танҳо ду роҳ дар пеш аст: ё ман ўро ба ЗАГС мебарам, ё ў маро ба милиса.
Занги навбати ўро аз байни фикру андешаҳо берун овард, ки гуфт ҳозир.
Лаҳзае пас ў дарвозаро кушода, дар пушти дар ҷавони ношиносеро дида пурсид:
– Ба Шумо кӣ лозим?
Ин хонаи Маҳмадова Фаришта? – ба ҷойи ҷавоб суол кард шахси дар берун буда.
– Ҳа, марҳамат дароед,– гуфт соҳибхона.
– Он касро дидан мумкин мӣ?
– Не, он кас дар хона нестанд.
– Кай меоянд?
– Намедонам як ҳафта пеш ба хонаи бобоям, ба шаҳри Чкаловск рафтагӣ, чӣ ягон хизмат буд?
– Не.
– Омад чӣ гўям?
– Ба соли нав ўро табрик намоед.
– Аз номи кӣ?
– Аз номи худат ва агар хоҳӣ аз номи ман ҳам.
– Номи Шумо чист?
– Акбар.
– Шумо модарамро аз куҷо мешиносед?
– Модоме, ки номи маро пурсидед, чаро худатонро шинос намекунед?
– Камол, писари соҳибхона.
– Он духтараке, ки аз ин ҷо рафт арўсатон?
– Не , чӣ буд?
– Духтари зебо аз ҳамин ҷо баромад гумон кардам ки…
– Не, ў ҳам модарамро суроғ омада буд, чун фаҳмид, ки нест ҳамоно гашта рафт.
– Чӣ он кас ягон хешатон?
– Не.
– Биёед ба хона дароед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо