Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд то ҳанўз кампир сухане нагуфта буд.
– Бибиҷон тенҷи мӣ, чаро таъбатон хира?– пурсид Дилором.
– Кошки замин маро фўру мебурду рўйи ту беҳаёро намедидам.
– Ман чӣ гуноҳ кардам, чаро чунин мегўӣ?
– Шарм надошта боз гап ҳам мезанӣ беҳаё.
Дилором, ки аз асли воқеа бехабар буд, ҳеҷ мақсади кампирро нафаҳмид, вале чун рафторҳои хешро пеши назар овард ба хулосае омад, ки аз ин суҳбати нобаҳангом некиеро интизор шудан нашояд. Бинобар ин ў сар хам карда муҳри хомўшӣ ба даҳон гирифту ба тарафи хона ҳаракат кард.
Бибиаш ҳамеша мегуфт, ки «даҳони пушида сад тилло».
Дилором мехост донад, ки оё ин ҳикмати халқ ба бибиаш таъсир мекунад ё не.
Вале афсўс, ки ин ҳикмат таъсири хешро гум карда буд. Аз назди кампир хомўшона гузашта рафтан ба ў муяссар нашуд, баръакс бо ин рафтораш ғазаби кампирро овард. Ҳарчанд кампир ба мўйсафедаш ваъда дода буд, ки то субҳи фардо (яъне то аз кор баргаштани мўйсафед) сирри хонадонро ба набера ошкор насозад, вале ба қавлаш вафо накард. Ў ҳар чи ки нисбат ба набера аз мўйсафедаш шунида буд, бо рангу бори ба занон хос ба сари Дилором фурў рехт. Кампир ҳатто ба ў имконияти сухан гуфтан надод…
Ў сухани бобояш: «То реша дар об аст умеди самаре ҳаст»
– ро ба ёд овард. Рафторҳои хешро дар тарозуи ақл баркашид ва ба хулосае омад, ки кампиру мўйсафед дигар пуштибони ў нахоҳанд шуд…
Дилором аз он ҷойе, ки чун муҷассамаи сангин рост истода буд қафо баргашт.
Ту дар ин бевақти ба куҷо? – ғазабашро фўру нишонда пурсид кампир.
Дилором бо чашмони ашколуд ба бибиаш хомўшона назар карда, муҳри хомўшӣ дар лаб аз дар берун шуд…

… 21…

пешина
аз 416
навбатӣ