АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Майлаш, ман илоҷ карда модарамро розӣ мекунонам, вале ту ҳам ақлатро кор фармо.
– Аз ин тарафаш ташвиш накаш.
– Аз куҷо донистӣ, ки Фаришта модари ман аст.
– Гуфтам– ку дирўз фаҳмидам, ки ту писари Фариштаӣ ва маҳз барои иҷрои мақсадҳои нопок ба ман шинос шудаӣ, вале ман на аз он духтароне ҳастам, ки ту фиреб дода, байни роҳам партоӣ ва аз хотир набарор агар ба ман кулўх партоӣ ҷавобашро аз тўп мегирӣ, акнун фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам.
– Хуш бош,– гўён Дилором аз дар берун шуд…
– Духтари нағз, намегўӣ ки хонаи Маҳмадова дар куҷост?
– Кадом Маҳмадова?
– Маҳмадова Фаришта.
– Не, намедонам.
– Шумо намегўед, ки хонаи Маҳмадова дар куҷост?
– Ана ҳамон дарвозае, ки духтарак баромад – ку?
– Кадом духтарак?
– О ҳозир ҳамроҳатон гап мезад– кў?
– Ҳамроҳи ман?
– Ҳа, ҳамроҳи Шумо.
– Вай гуфт, ки он хонаро намедонад.
– Чӣ хел намедонад? Ў аз субҳ то ҳоло ҳамин ҷо буд.
– О, тавба духтарҳои ин замона чи хел беҳаёянд,– бо ҳасрат гуфт кампир.
– Ў ҳамроҳи он сағераи оқипадараш.
– Худошон нестанд?
– Не, як ҳафта боз наметобанд.
– Чӣ хел фаҳмем , ки Маҳмадова дар куҷост?
– Гуфтам– ку ҳамон сағерааш дар хона, аз ҳамон кас пурсед.
– Раҳмат холаҷон,– гуён Абдумаҷидов ба тарафи дарвозае, ки чанде пештар Дилором баромада буд ҳаракат кард…
… 20 …
Баробари вориди ҳавлӣ шудан нигоҳаш ба нигоҳи бибиаш
бархўрд. Ў ҳеҷ гоҳ чунин нигоҳеро надида буд. Ба нигоҳи бибиаш тоб наоварда, чашмашро гурезонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо