Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Натиҷаи чунин вохўриҳоро.
– Наход дар омўзишгоҳи тиббӣ хонда чизи оддиро пешгирӣ карда натавонӣ?
– Ман ҳамагӣ чор моҳ шуд, ки хонда истодам ва моҳе қариб се – чор бор ба дарс намеравам ва боз рўзҳои истироҳат.
Пусткандаи гап ҳамин, ки ман ягон чизро пешгири кардани нестам ва метавони хостгорҳоро ба хонаи мо фиристӣ.
– Ин таҳдид аст?
– Не, хоҳиш.
– Майлаш ман бо модарам гуфтўгў мекунам.
– Акнун вақти рафтани ман шуд.
– Шояд бегоҳ истӣ, падару модарам нестанд, чун онҳо биёянд вохўрии мо душвортар мегардад.
– Не, бибиам ташвиш мешавад,– гуён духтар аз ҷояш хест.
– Бубахш, ки то берун туро гусел карда наметавонам, ҳамсояҳо бинанд чӣ мегўянд?
– Дар овардани ман шарм надоштӣ ҳангоми гуселам бошад шарм медорӣ, ҳа?
– Гуфтам ку ҳамсояҳо.
– Майлаш, ба ту як ҳафта вақт.
– Барои чӣ?
– Барои ба хонаи мо фиристодани хосгорҳо.
– Агар рафту падару модарам рози нашаванд, чӣ?
– Инаш кори ту, ки онҳоро розӣ кунонӣ.
– Хайр розӣ нашаванд?
– Дар ин ҳолат маҷбуранд барои айёдат ба ҳабсхона раванд.
– Охир ман туро гуфтам, ки кассаро ман ғорат накардам.
– Инро ба касе гўй, ки туро нашиносад.
– Чӣ хел?
– Ғайри Шумо боз кӣ метавонист бе калид дарро кўшояд?
– Кадом калидҳо?
– Ҳамон калидҳо?
– Ҳамон калидҳое, ки модарат Фариштабону се– чор моҳ пеш аз завод рафтанаш гум карда буд.
– Пас ту аз ин кор воқиф будӣ?
– Аввал не вале дирўз огоҳ шудам.

пешина
аз 416
навбатӣ