АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Чаро дили мўйсафед аз наберааш мондааст? – Чаро? – Ин ҷо сиррест, ки мо намедонем…
… 32 …
Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда мебинам, ки имрўз таъбат болида,– гуфт Мария Даниловна ба духтараш.
Ман орзу мекунам, ки худи ҳамин лаҳза борон, аниқтараш барф борад гуфт духтар.
Бе орзуи ту ҳам бубин қатраҳои аввалини борон ба замин расиданд, метавонӣ боз ягон орзуи дигар кунӣ.
– Агар барф борад ин фоли нек аст.
– Албатта ҳосил фаровон мешавад.
– Вале ман имшаб хоби тарсноке дидам.
– Хуш бошад.
– Хоб дидам, ки ману Шумо ва падарам дар ҷангали анбуҳе ба шикор рафтем. Дадом дар дасташ яроқ. Нохост аз куҷое як гург омаду маро ба пушташ партофта бурд. Дадоям ҳатто барои халос намудани ман кушише ҳам накард…
– Хоби нағз дидаӣ духтарам.
– Чи хел хоби нағз ман қариб буд, ки талхакаф шавам, хайрият, ки бедор шудам.
– Зуд ё дер гург аз дусар туро мебарад ва ману дадоят аз дасти гург туро халос карданӣ нестем.
– Чӣ хел?
– Охир ту маҷбурӣ, ки ба шавҳар бароӣ.
– Шавҳар ин ҷо чӣ дахл дорад, охир ман гургро хоб дидам на шавҳарро.
– Аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағир намеёбад: гург – шавҳар – гург, ҳардуяш ҳам як. Хоби нағз дидаам аз дил гузаронд Наташа. Охир ин хоби дидаам ба омадани Акбар рост меояд. Ба модарам дар ин бора гап занам ё не? Рафту ягон кораш барояду омада натавонад чӣ. Не беҳтараш сабр лозим . Агар омад худаш мақсади омаданашро мегўяд. Ҳаминаш беҳтар будагист.
– Оча, ба тиреза нигар ана барф гирифт.
– Чӣ хубе.
– Додом куҷо шуд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо