АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз рўйи маслиҳати пешакӣ субҳи рўзи дигар Акбаршоҳ рост ба Заводи хишт омад. Тамоми коргарони завод аз воқеаи дишаба бохабар буданд.
– Ҳар касе, ки дар ин бора маълумоте дошта бошад, аз рўйи қарзи шаҳрвандӣ бояд ба милиса ёрӣ диҳад, – гуфт Акбаршоҳ. – Ман таёрам, ки дар алоҳидагӣ бо хоҳишмандон суҳбат намоям…
Ҳодисаи дишаба касеро бе тафовут нагузошт. Коргарон барои даромадан ба назди Абдумаҷидов, ки дар яке аз утоқҳои бинои маъмурии завод менишаст, навбат гирифта буданд. Ҳар кас фикру ақидаи хешро дар ин бора баён мекард.
Абдумаҷидов дар ҳақиқат муайян намуд, ки дар вақти мудири касса будани Фаришта Маҳмудова калидҳо гум шуда будаанд, вале касе дар ин бора андеша накард ва боз нусхаи дуюмро истифода бурданд. Пас аз ду – се моҳи ин ҳодиса Маҳмудова бо ихтиёри худаш аз кор рафт. Ба ҷойи ў Татяна Акопиянро, ки то он вақт муҳосиб оид ба додани ёрдампулӣ ва нафақа буд, кассир таъин намуданд ва ба гўшаи хотири касе ҳам наомад, ки қулфи сейфро иваз намоянд. Дар хусуси қаровул ҳаминро гуфтанд, ки Мадалиев ба ном қаровул аст, ҳеҷ гоҳ ў тамоми шаб то субҳ наистодааст…
… 13 …
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар нимаи дуюми рўз ба идора омад. Ў дар бораи кору бораш ба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Файз Орзуев ҳисобот дод. Дар давоми се моҳи кор аз ин марди хирад бисёр чизҳоро омўхт.
– Акбаршоҳ.
– Лаббай.
– То кай ҳамин хел муҷаррад мегардед?
– Намедонам, – китф ба ҳам кашида гуфт Акбаршоҳ.
– Тот, кто постоянно холост, тот по моему просто глуп но ты же нормальный парень почему бы не завести семью.
– Фикри Шуморо ба инобат мегирам, рафиқ подполковник.
– Санҷиши парвандаи дирўзаро ба зимаи Шумо месупорам, рафиқ летейнант, бигузор ин аввалин имтиҳон дар кори мустақилонаатон гардад, – амр кард сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Файз Орзуев.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо