Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соати 16 – 50 дақиқа Акбаршоҳ ба мақсади вохўрӣ бо маҳбубааш аз дафтари кориаш берун шуд. Навбатдор ўро дида хабар дод, ки соати 17 00 ба назди сардор дарояд.
«Дар ноомади кор атола дандон шиканад, гуфтаи мардум ҳамин будааст»,– аз дил гузаронд ў. Акнун Наташа чӣ мегўяд?
Акбаршоҳ ҳеҷ роҳи аз ин ҳолат баромаданро наёфт.
Ниҳоят худро каме ором кард, ки сардор вақти ўро аз панҷ – даҳ дақиқа зиёд нахоҳад гирифт. Наташа бошад, дар ин муддат ўро интизор мешавад.
Соати 17 00 дар ҳузури сардор подполковники милиса Кирилчик Григорий Александрович натиҷаи кори якрўзаи гурўҳи фаврӣ тафтишотро аз рўйи нишонаи дўздии кассаи заводи хишт ҷамъбаст намуданд. Аз рўйи ин масъала сардори бахши ҷустуҷўйи ҷиноятӣ подполковник Файз Орзуев ва сардори бахши тафтишотӣ подполковник Ситам Хайруллоев ҳисобот доданд. Ғайричашмдошт дар атрофии ин масъала баҳси доманадоре сар шуд. Ҳар кас назарияи хешро пешниҳод мекард. Ҳамаи фикру зикри нишастагон ба як нуқта, ба дастгир намудани ҷинояткор ё гурўҳи ҷинояткорон равона шуда буд ва касе ба гўшаи хотир ҳам намеовард, ки лейтенант Абдумаҷидов чӣ дарде дар дил дорад…
– Ҳодисаи рухдода дар ҳақиқат пурпечутоб аст. «Сайёҳ»– и шабона, ба фикрам, чун гурги танҳо амал кардааст. Ҳархеле ҳам набошад, ў ба шакли дохилии бинои маъмурии завод хеле хуб шинос аст. Муайян намудан лозим, ки калидҳои говсандуқ дар ҳақиқат нусха доштанд, ё не. Корро дар атрофи ҳарду кассир ҷоннок намудан лозим. Мадалиевро дурусттар афшондан лозим, ба фикри ман ў ҳамон шаб дар завод набудааст, – суханашро ҷамъбаст карда гуфт сардори шўъба.
…Рўзҳои зимистон ниҳоят кўтоҳанд. Маҷлис ҳарчанд як соат давом карда, вале чун Абдумаҷидов берун баромад, аллакай торик шуда буд. Ў ба утоқи кориаш баромада ба Наташа занг зад, вале бефоида. Ба ёд овард, Наташа гуфта буд, ки чанд рўз боз телефонашон кор намекунад… Ба умеде, ки Наташа занг мезанад, боз ним соат аз дафтари кориаш набаромад.
… 12 …

пешина
аз 416
навбатӣ