АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Наташа ҳис кард, ки кокулонаш ба ҷавон маъқуланд.
Баробари нишастан Акбар онҳоро ба даст гирифт.
– Кокулонатро ҳеҷ гоҳ қайчӣ назан, ки буридани кокул фоли нағз нест.
– Ин хоҳиш аст ё амр, – пурсид духтар
– Ба фикрам дуюмаш.
– Оҳҳо.
– Чӣ бовар намекунӣ?
– Агар хоҳиш мекардед, ман мўямро қайчӣ мезадам.
– Чаро?
– Амр ин сухани катъии мард аст ва ман онро хуш дорам.
– Ман ҳам.
– Гўш кунед, кокулонамро тарзе ба даст гирифтаед, ки бинанда гумон мекунад, ки ягон чизро ба нугашон нияти бастан доред.
– Бале, ана, гўш кунед:
Кокулонатро ба дастам додаӣ.
То бубандам, риштаи дилро бар он.
Бехабар аз он ки дар зиндагӣ
Дилро бар даст наорад гесувон.
Гар ту хоҳӣ ин дили гарми маро.
Гир онро бар ту мебахшам варо.
Лек онро ту ба ними роҳ намон
То нагардам хор назди дигарон.
То насўзам аз фироқат ман дигар,
То бубахшад зиндагӣ бар ман самар
Риштаи дилро ба дил пайванд кун…
6 То бубинем ҳарду бахти якдигар.
– Это что предложение?
– Да.
– По другому не можещ сказать?
– Других вариантов у меня нет…
– …Истгоҳи маҳаллаи Зарафшон,– гуфт ронанда. Наташа аз байни фикру андешаҳо берун шуда, ба тарафи дари баромадгоҳ шитофт…
… 11 …

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо