АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Осуда бошед очаҷон, домоди хуб кош муяссар шавад, ман ҳамин хел шўхӣ кардам.
– Ман бошам гумон кардам ки…
– Гуфтаниед, ки «Эй кош дурўғи духтарам гардад рост».
– Ҳа, бале, ман ҳамин хел фикр кардам.
– Дадаҷонам канӣ?
– Он кас дар кабинети ман. (Ошхона дар назар аст)
– Ман ҳам гурусна мондам очаҷон, аз паҳлуи кабинети Шумо гузашта рафтанӣ нестам, – гўён Наташа вориди ошхона гардида аз саломатии падар пурсон шуда, сипас барои тағйири либос ба хонаи хобаш рафт.
Дар кабинети кории Мария Даниловна, дар сари дастурхони идона, ки модар ба шарафи Иди бонувон ороста буд, онҳо хело суҳбат карданд. Баъди ба хонаи хоб рафтани падар Наташа ба корҳои модар ёрӣ дод. Мария Данивлона хело ба қаду қомати духтараш назар карда, аз дил гузаронд, ки Наташа дар ҳақиқат ҳам арўси зебо шудааст. Онҳо тамоми умр дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, ба хулқу атвори мардуми ин сарзамин ошно гардидаанд. Бино бар ин вай духтарашро дар руҳияи шарқӣ тарбия кард. Ў шарму ҳаёро ягона зевари зан медонист ва ҳамеша ба духтараш таъкид мекард:
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.5.
… 10 …
Аз байн нўҳ– даҳ моҳ гузашта бошад ҳам ҳеҷ не, ки Мария Даниловна домодашро бинад. Баъзан Акбаршоҳ ба хонаи онҳо телефон мекунад ва агар ғайри Наташа касе гўшакро бардорад, зуд гўшакро ба ҷояш мегузорад, чунки инро худи Наташа аз ў талаб кардааст. Умуман ў намехоҳад, ки «пеш аз пода чанг андозад». Онҳо ба якдигар дил додаанд, аммо то ҳанўз дар ин бора ошкоро гуфтўгу накардаанд.
Он рўз ҳарду хело шаҳро тамошо карданд ва дар яке аз нишастгоҳи «Кўчабоғи ошиқон» нишастанд. Боди серун кокулони то миён хамидаи Наташаро маҳин – маҳин алвонҷ медод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо