АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Не, ман ба он ҷо даъват нашудаам. Бигузор ин ҳамчун туҳфа дар ин рўзи ид ба Шумо ёдгор монад.
– Не, ман инро гирифта наметавонам.
– Нагиред аз маҷлиси тантанавӣ дер мемонед.
Духтар чатрро гирифта, табассуми зебое намуда, ба роҳ баромад ва лаҳзае пас ба тарафи ҷавон нигариста гуфт:
– Номатонро нагуфтед?
– Акбаршоҳ.
– Ман Наташа.
– Номи зебо, ба соҳибаш зебанда.
– Это что? Комплимент. (Ин хушомад, таъриф аст.)
– Не ҳақиқат.
– Набошад, барои тўҳфа ташаккур, – гўён духтар ба тарафи дигари роҳ, ба самти ҷануб равон шуд…
… 9 …
Дар толори Театри опера ва балети ба номи Айнӣ мардуми зиёде омада буданд, ки аксарияти онҳо бонувон буданд. Мардон ҳам кам набуданд. Ў афсўс хўрд, ки Акбарро ба ин базм таклиф карда натавонист. Байтеро аз дил гузаронид:
Ҳуснро бе арақи шарм тароват набувад,
Гули коғаз беҳ аз он, ки дар он шабнам нест4.
Дар тамоми давраи ҷамъомади тантанавӣ симои Акбар ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд.
«Чӣ хел ҷавони зебо афсўс, ки суроғаашро напурсидам.
Агар ба хонаи холаам ба кўчаи Кўҳдоман намерафтам, шояд Акбарро ҳам намедидам. Дар ин рўзи ид ҳамин шиносоии начандон тўлонӣ беҳтарин тўҳфаест».
Бо ҳамин фикру хаёлҳои ширин ў ба хона омад. Мария Даниловна дарро ба рўйи духтараш кушода чатри мардонаеро дар дасти ў дида пурсид:
– Ин чатри кист?
– Аз домодатон, – хандида гуфт Наташа.
– Боз ба сарамон ягон балоро наорӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо