АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Дар куҷо?
– Дар Ахалкалаки.
Лейтенант Абдумаҷидов нақли он қуттии «Ахтамар» – ро, ки командири взвод ба ў дода буд, баён кард.
– Ана ҳамин хел, рафиқ лейтенанти калон, модоме, ки ман Шуморо фиреб намудам, тайёрам барои зиёфат худам ҳисобӣ кунам, – гўён пешхизматро ҷеғ зада ҳисобӣ кард.
– О, ин чӣ хел мешавад? – ҳайрон пурсид Раҷабов.
– Хафа нашавед, Сафар Раҷабович, ҳисоби дўстон дар дил.
Охир ман дар ҳақиқат аз суҳбат бо Шумо як ҷаҳон ҳаловат бурдам…
… 8 …
Соати 17 00 Наташа ба ҷойи вохўрӣ омад. Онҳо ҳарду бояд ба театр мерафтанд. Дар ҳама вохўриҳои гузашта Акбар аз ў пештар меомад. Имрўз бошад…
Онҳо қариб як сол боз шиносанд. Аввалҳо ҳамин хел салому алек буданд. Он вақт Акбар дар курси панҷуми факултети ҳуқуқшиносӣ ва Наташа дар курси сеюми факултети иқтисодӣ таҳсил мекарданд. Вохўрии аввалини онҳо дар арафаи иди байналхалқии занон 8– март рух дод. Наташа дар истгоҳ омадани нақлиёти мусофиркашро интизор буд. Ў ба маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди занон, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Айнӣ баргузор мегардид, даъват шуда буд. Наомадани нақлиёт ва ба замин ин борони ногаҳонӣ дили духтарро ғамгин сохт. Аз ҷавоне, ки чатр болои сар ба тарафи ў меомад, соатро пурсид.
– Соат надорам, – гуфт ҷавон.
– Тахминан ҳам намедонед?
– Чӣ ба ягон ҷо шитоб доред?
– Ҳа, ба маҷлис рафтанам даркор, – гуфт духтар.
– Ба куҷо?
– Ба Театри опера ва балет.
– Пиёда рафтан мехоҳед?
– Охир ин боронро бинед.
Нигоҳи имдодҷўёнаи духтар ба дили ҷавон раҳм овард магар ки чатрашро ба ў дод.
– Худатон намеравед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо