Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ин қисса дар байни арманиҳо машҳур гардид ва ба ин ном дукону каҳвахона доранд. Ба қавле барои баровардани дуди ғам фабрикаи тамокуи Арманистон ба яке аз навъҳои сигор «Ахтамар» ном гузошт…
– Марҳамат,– гўён пешхизмат хўроки овардаашро болои миз гузошта, ба ҳарду иштиҳои таом орзу карда, аз наздашон дур шуд.
– Афсўс, ки Юрий Димитровичро ҳамроҳ наовардӣ, – гуфт Сафар Раҷабов.
– Охир ман нақли ўро нарезондаю начаконда ба Шумо расонидам, боз чӣ мехоҳед?
– Агар Юрий Дмитрович мешуданд ҳамроҳашон панҷта– панҷта мегирифтам.
– Ҳарчанд ман нанўшам ҳам то ҳанўз касеро барои нўшидан маън накардаам.
– Медонам.
– Пас чаро наменўшӣ?
– Танҳо нўшиданро хуш надорам.
– Чӣ илоҷ ман дар ин ҷода пиёдаам.
– Гўш кунед, Акбар Ҳакимович, ман тайёрам, ки фардо ҳам ба шарофати муҳтарам Тимошенко Ю. Д. дар ҳамин ҷо зиёфат диҳам.
– Ба кадом хотир?
– Ба хотири он ду дилдодаи ноком.
– Ба хотири Арсен ва Тамара.
– Бале.
– Саргузашти онҳо ба Шумо маъқул шуд:

– Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,
Ёдгоре, ки дар ин гунбази даввор бимонд.3

– Ба ҳар ҳол Юрий Димитрович омада наметавонад.
– Чаро?
– Чун ки ў дар ҷумҳурӣ нест.
– Пас ба Шумо ин саргузаштро кӣ нақл кард, ё ин бофтаи худатон аст?
– Не дар ин ҷо ягон сухане бофта нест, ман онро ҳанўз соли 1974 аз забони худи Тимошенко шунидаам.

пешина
аз 416
навбатӣ