АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Муҳтарам Тимошенко ҳамаашро ба ман гуфта дод ва хоҳиш кард, ки ба ҷояш зиёфатро бо Шумо ҳамроҳ бинам.
– Хуш, чӣ мефармоед?
– Аз баски Юрий Димитрович мешуниду ман не танҳо ба манфиати киссаи Шумост аз ин рў ҳама хўрокҳои беҳтаринро фармоед.
Раҷабов пешхизматро ҷеғ зада хўрок фармуд ва ба тарафи лейтенант гашта гуфт:
– Гўшам ба Шумо Акбар Ҳакимович.
… Ривоят мекунанд, ки Арсен ном ҷавони камбағал ба Тамара, духтари шоҳи яке аз музофотҳои Арманистон дил бохт. Тамара ҳам Арсенро дўст медошт. Шомгоҳон онҳо пинҳонӣ дар арчазори назди соҳили дарёчае, ки аз паҳлуи боғи шоҳ мегузашт вомехўрдаанд. Ҳарду ҳам орзуи ҷуфти якдигар шуданро доштанд. Барои он, ки касе аз мулоқотҳояшон огоҳ нагардад ба ҷойи қосид гулханро истифода мебурданд ва онро Тамара меафрўхт. Арсен ки аз баландии тарафи дигари соҳил чашм аз ҷойи вохўрӣ намеканд ва ҷўёи он шўълаи умед буд.
Баробари дидани гулхан, ки шаби торро ҳам мунаввар месохт, дар як мижа задан худро ба назди маъшуқааш мерасонд ва Тамараро ба оғўш мегирифт… Вале ин вохўриҳо дер давом накарданд. Шоҳ аз ин вохўриҳо огоҳ шуд ва ҳар қадами духтарашро ба зери назорат гирифт. Тамара аз ин кори падар бехабар шабона қасрро тарк карда, ба ҷойи вохўрӣ бо дилдодааш шитофт, вале навкарони шоҳ ўро дастгир карда, ба қаср оварданд. Рафтори Тамара шоҳро ба ғазаб овард ва барои он, ки мардум аз ин вохўриҳо огоҳ нашаванд, ба қатли ҷавон фармон дод.
Худи ҳамон шаб лаганбардорони шоҳ ба ҷойи вохўрии Тамара ва Арсен рафта, он гулхани тайёрро оташ дардоданд.
Арсен ки қариб аз омадани маъшуқаааш умедашро канда буд, баробари дидани нур дар зулмот худро дар як мижа задан дар пеши гулхан ҳозир кард. Омаду…
Навкорони шоҳ ўро дастгир карданд ва амри шоҳро дар ҳамон ҷо иҷро карданд. Арсен то нафаси охирин оҳ Тамара мегуфт…
Субҳи рўзи дигар Тамара аз воқеаи ба сари ҷавони дўстоштааш омада огоҳ гашта, худкўшӣ кард…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо