АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Калидҳои касса дубликат доштанд?
– Не.
– Пас чӣ хел дўзд сейфро кушодааст?
– Инаш барои ман ҳам муаммост, рафиқ лейтенант.
– Кассир чанд вақт боз кор мекунад.
– Ҳашт моҳ шуд.
– Пеш аз ў кӣ кор мекардаааст?
– Маҳмадова Фаришта.
– Ҳоло ў дар куҷост?
– Намедонам.
– Ба фикрам дар атрофи ў ҳам кор кардан зарар надорад.
– Албатта.
– Соат чанд шуд?
Муфаттиш ба соати дасташ нигариста гуфт:
– Дувоздаҳ.
– Аллакай вақти рафтан шуд.
– Ҳоло то танаффуси нисфирўзӣ боз як соат вақт ҳаст.
– Барои Шумо ҳа, вале барои ман не.
– Чӣ хел?
– Охир ман бояд рафта сарчашмаи «Ахтамар» – ро ба ресторан биёрам.
– Ҳа, ман қариб фаромўш карда будам. Ба фикрат он сигори аз касса ёфтаамон ҳам «Ахтамар» аст?
– Намедонам. Ба ҳар ҳол ташхис ҷавоби аниқашро медиҳад.
– Рухсат диҳед аз пайи супоришатон шавам, рафиқ лейтенанти калон.
– Ман Шуморо дар ҳамон ҷойи гуфтаатон интизор мешавам.
– Хайр.
… 7 …
– Танҳо омадӣ?
– Юрий Димитрович омада натавонист.
– Пас масъалаи «Ахтамар» чӣ мешавад?
– Дар ин бора метавонед осуда бошед.
– Чӣ хел?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо