АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Даст додем.
Дастони ҳамдигаррол фишурданд.
– Соати сенздаҳ Шуморо дар пеши ресторани «Помир»
интизор мешавам, – гуфт Раҷабов.
– Дар пеши ресторан чӣ лозим, беҳтараш ба ресторан
даромада барои ду кас таом фармоед.
– Чӣ хел барои ду касс, се кас мешавем – ку.
– Ман ҳамроҳи Шумо истода наметавонем, корам ҳаст,
меравам ва Шумо дар бораи чӣ буд?
– «Ахтамар».
– Ҳа, дар бораи «Ахтамар» суҳбат мекунед.
– Майлат, бигузор гуфти Шумо шавад, рафиқ лейтенант.
– Аз пайи он кас ҳозир меравед?
– Не, як соат пеш аз танаффус…
… 6 …
Дар утоқи корӣ муфатиш ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милиса Абдумаҷидовро ба нишондоди Акопиян шинос намуд. Маълум шуд, ки Татяна Ремезовна пеш аз ба завод рафтан сари қадам ба дари бинои милиса ангушт задаст.
Баъди матлаби кассирро шунидан навбатдор Беков ўро ба завод фиристодааст.
Аз нишондоди кассир бармеояд, ки рўзи 26 – декабр ў ҳамроҳи сармуҳосиб Толиб Зокиров аз Бонки сохтмонӣ барои маоши коргарон пул гирифтаанд. Дар нимаи дуюми рўз ба қисме аз коргарон маош доданд. Тахминан соатҳои бист боқимонда 20300 сўмро ба говсандуқи касса маҳкам карда, кассир ба хонааш меравад. Азбаски бинои маъмурии завод қаровули доимӣ дорад, ў кассаро барои нигаҳдории шабона ба кассе вобаст накардааст. Соати 6–15– дақиқа коргари завод Файзуллоева Фотима Ғаниевна ба хонаи ў занг зада хабар додаст, ки кассаро ғорат намудаанд.
– Файзуллоева ин хабарро аз куҷо шунидааст?
– Фотима Ғаниевна ин суханро аз забони сардори участка Смагин шунидааст ва пинҳони аз Анатолий Фёдрович ба дугонааш занг задаст. Умуман, ман Файзуллоеваро ҳам пурсидам ва ў занг заданашро инкор намекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо