Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуфтам – ку дар равшании чароғ ман танҳо суробашро дидам ва агар чароғро дар намегирондам дар торикӣ суробашро ҳам намедидам.
Абдумаҷидов бо мўйсафед худоҳофизӣ намуда ба тарафи истгоҳ рафт ва ба автобус нишаста боз то пеши завод омад…

… 5 …

– Омадед?
– Ҳа.
– Ягон навигарӣ ҳаст?
– Он чӣ ки буд бо дасти Алексей Владимирович фиристодам.
– Он чӣ ки капитан Сендеров овард, аллакай дидам, – гуфт Раҷабов.
– Дигар чизе ба даст наовардам, мўйсафеде, ки дар сари ҳамон баланди зиндагӣ дорад, соатҳои сеи шаб аз аккоси сагҳо ба ҷон омада, берун баромада, чароғ даргирондааст. Шахсеро дидааст, ки поён гурухтааст.
– Ному насаби мўйсафед?
– Бобохони Саид.
– Акнун, бигўед, ки дар бораи «Ахтамар» аз куҷо маълумот гирем, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин маҳсулоти кадом фабрикаи тамокубарорист.
– Маълумотро аз сарчашмаи асосӣ гирифтан мумкин.
– Инашро худам ҳам мефаҳмам, рафиқ лейтенант. вале барои ин боз чӣ қадар коғазбозӣ лозим.
– Ягон чиз лозим нест.
– Чӣ хел?
– Ҳамон сарчашмаи асосиро ман ба наздатон гирифта меорам, ин ҷо фақат як шарт ҳаст.
– Майлат, ман розӣ.
– Дар ресторани «Помир» барояш як зиёфатча оростан даркор.
– Бе ресторан дигар имконияташ нест.
– Ба фикрам аз коғазбозӣ дида ҳаминаш азонтар меафтад, оварданашро ман ба ўҳда мегираму зиёфаташро Шумо. Чӣ гуфтед?.

пешина
аз 416
навбатӣ