Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳоли Ахалкалаки аслан арманиҳо буданд, мисли оне, ки Бухорову Самарқанди тоҷикнишин ба ўзбакҳо монда. Дар Ахалкалаки ҳам агар грўзинро бо чароғ ҷўйӣ намеёбӣ.
Дар машқҳои ҳарбии Кавказ – 74, ки баҳори соли 1974 дар Караяз2 баргузор гардид, дивизияи 147 мотосрелкови бо роҳбарии полковник Онофричук беҳтарин қисми ҳарбӣ дониста шуд ва дар ин бора сарфармондеҳи округи ҳарбии Закавказия, генерал – полковник Мелников П. П. ба Вазири мудофиа, маршали Иттиҳоди Шўравӣ Гречко А. А. , ки барои ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ ба машқгоҳи Қараяз ташриф оварда буд, гузориш дод.
Қисми ҳарбии онҳо бо роҳбарии подполковник Миронов А.В. беҳтарин қисми ҳарбии дивизия 147 дониста шуд.
Ў ки дар қисми низомии мазкур алоқачӣ буд, боре аз командири взвод Тимошенко Юрии Димитрович як қутти сигори «Ахтамар» мукофот гирифт. Аввал сигорро гирифтан нахост, гуфт сигор намекашад, вале Юрий Димитрович гуфт, ки агар ту таърихи ин тамокуро медонистӣ гирифтани онро рад намекардӣ.
– Рафиқ лейтенанти калон, он чӣ таърихе доштааст?
Тимошенко саргузашти пурсузу гудозеро барояш нақл кард…
– Ҳа, писарам мебинам ки чизеро ҷустуҷў доред гуфтани касе ўро аз байни андешаҳо берун овард ва сар бардошта, дар рў ба рўяш мўйсафедеро дид.
Абдумаҷидов мақсади ташрифашро гуфта дод ва пурсид, ки оё шабона дар ҳамин маҳал ягон нафари ношиносеро надидааст.
– Тахминан соатҳои се сагҳо бисёр аккос заданд, писарам ва ман маҷбур шудам, ки берун бароям. Чун берун баромада чароғ даргирондам суроберо дидам, ки аз тарафи хонаи мо поён рафт. Ман ҳар қадар ўро ҷеғ задам, ба фикрам худро ба карӣ андохта ба тарафам нимнигоҳе ҳам накард.
– Ба тарафи карер рафт?
– Не, ба тарафи роҳи автомобилгард.
– Чӣ хел будани ўро надидед?

пешина
аз 416
навбатӣ