АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чӣ ягон нишонае ёфтӣ?
– Ба фикрам ҳамин хел аст, – Алексей Владимирович.
Сендеров ба назди Абдумаҷидов омада, ба ҷойи нишондодаи лейтенант нигарист.
– Оҳҳо, нақши пой – ку.
– Ба фикрам нақши нав аст, афсўс, ки дар дохили бино нақши пой намонда…
– Канӣ, бинем, ин нақш моро то куҷо мебарад.
– Рафтем, – гуфт Сендеров ва аз холисон хоҳиш кард, ки эҳтиёт бошанд, нақши пойҳоро зер накунанд.
Шахси дар карер ҳаракаткунанда пойафзоли андозаи 42– и навъи «Саламандра» пўшидааст. Сендеров гипсро шурида ду нақши равшантарашро слепка гирифт. Дар девори рости хоки гирифташуда, ки баландии якуним метрро ташкил медод, нақши пойафзол бараъло дида мешуд. Аз чунин ҷой баромадан гувоҳи он буд, ки «сайёҳ» дар торикӣ ба ин самт ташриф овардааст, вагарна ҳамагӣ панҷоҳ – шаст метр дуртар ҷойи пастаре ба назар мерасид, ки шахс бе мамониат боло баромада метавонист. Маҳз аз ҳамин пайроҳа лейтенанти милиса Абдумаҷидов ба боло баромада, ба ҷойи ҳаракати «сайёҳ»
омад. Дар замини сахт, дар байни алафҳо ҷустани нақши пой маъние надошт. Абдумаҷидов он мавзеъро бо диққат азназар гузаронида, самти минбаъдаи ҳаракати «сайёҳ» – ро муайян кардани шуд ва нохост дар байни алафҳо чашмаш ба тамокуи нимсўхтае бархўрд, онро бардошта дид: «Ахтамар». Ў холисон ва Сендеровро ҳам ба боло хонд. Чун омаданд, ваколатдори корфкукови ҷиноятӣ дар бораи бозёфт ақидаи хешро иброз намуд.
Сендеров ин бозёфтро аз назар гузаронида, боэҳтиёт онро ба халтачаи селофание андохт ва ҳамроҳи холисон ба завод баргашт. Абдумаҷидов бошад барои муайян кардани самти ҳаракати «сайёҳ» ба тарафи боло, ки хонаҳои истиқоматӣ намудор буданд, равон шуд…
«Ахтамар» хаёлоти ўро ба дурҳои дур бурд…
… 4 …
Дар аввалҳои солҳои ҳафтодум ўро ба сафи Қувваҳои
Мусалаҳи Иттиҳоди Шўравӣ даъват карданд. Тақдир ў ва боз чанд нафари ҳамдеҳагонашро ба шаҳри Ахалкалаки Ҷумҳурии Гурҷистон партофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо