Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охир бе муайян кардани тафсилоти пурраи воқеа ҳама гуна ҳаракати мо кўркўрона хоҳад буд, – гуфт Абдул– маҷидов.
– Ман розӣ, – гуфт Раҷабов ва ба бинои маъмурӣ гашта даромада, кассирро барои пурсиш ба наздаш даъват кард…

… 3 …

Карери завод дар ҳақиқат беҳудуд будааст. Абдумаҷидов ҳамроҳи Сендерову ду шахси холис аз аввалин лаҳзаҳо ба ҷўстани пайи ҷинояткор ё ҷинояткорон пардохтанд. Онҳо ҳар як пайи дар болои хоки мулоим мондаро диққат медонанд, вале дар самти биноҳои маъмурӣ, ки ба тарафи карер мебурд нақшеро ки таваҷҷуҳи хоссаро зоҳир кунад, наёфтанд. Нақши пой ин нақши ангуштон нест ва албатта барои тафтишот нақши ҳалкунандаро ҳам намебозад. Нақши пой пеш аз ҳама барои муайян кардани шахсияти ҷинояткор аст. Аз рўйи пойафзол ва масофаи байни пайҳо қариб сӣ фоизи маълумотро дар бораи ҷинояткор гирифтан мумкин аст. Нақши пойафзол танҳо дар ҳолате далели шайъӣ ҳисобида мешавад, ки тафтишот онро ба даст орад ва бо нақши аз ҷойи ҳодиса гирифташуда муқоиса намуда хулосаи аниқи худро диҳад.
– Ба умеди дарёфти ҳақиқат ҳангоми азназаргузарони ҷойи ҳодиса ҳамаи тарафҳои кор ба инобат гирифта мешаванд, аз ҷумла муайян намудани нақши пойафзол.
Абдумаҷидов ва Сендеров қариб, ки ҳамаи саршавии карерро дар самти биноҳои маъмурӣ ва участкаи якум дида баромаданд, вале бе натиҷа. Сендеров ҳамаи ин корро бенатиҷа ҳисобида аз давом додани он даст кашид.
– Алексей Владимирович боз самти участкаи дуюм монд, – биё он ҷоро ҳам азназар гузаронем, рафту…
– Чӣ илоҷ, Акбар Ҳакимович, модоме, ки бе азназаргузаронии самти участкаи дуюм дилатон ором нагирад ба ҷуз таклифатро қабул кардан, дигар чорае надорам, вале ман боз ҳам мегўям, ки мо вақтро беҳуда мегузаронем.
– Ба ҳаминаш ҳам раҳмат.
Онҳо боз ба кори хеш машғул шуданд.
– Ана нигоҳ кун.

пешина
аз 416
навбатӣ