Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гурўҳи фаврӣ– тафтишотӣ лаҳзае машварат намуда. ба хулосае омаданд, ки дўзд бояд нишонаи бузургтарро боқӣ гузошта рафта бошад.
– Маълум аст, ки дўзд қобилияти парвоз ва ё шино карданро аз завод надорад, пас ўро танҳо як роҳ аст: дар замин ҳаракат кардан ва модоме, ки ў дар замин ҳаракат кардааст, бояд нақши пояшро низ дар замин гузошта бошад. Дар завод бошад танҳо як баромадгоҳи асосист ва дар пешаш посбон дорад. Ба гумон аст, ки дўзд тавакалан аз назди ў гузашта бошад. Ин баробари он аст, ки бурда худатро ба милиса супорӣ. Аз болои девори баланди гирди завод ҳам баромадан ғайри имкон аст, чунки кас намефаҳмад, ки дар он тарафи девор чӣ гап ҳаст Ва рафту агар чунин рафторро ягон кас бинад, шубҳааш дар бораи мақсади нопоки шахси аз болои девор парида зиёд мешавад ва метавонад аз рўйи қарзи шаҳрванди хеш дар ин бора бо идораҳои маъмурӣ хабар диҳад ва дўздро танҳо як роҳ мондааст ва агар ман ҳам ба ҷойи ў мешудам аз ҳамон роҳ мерафтам, – гуфт Раҷабов ва пурсид, ки он роҳи гуфтааш кадом аст.
– Дар ин ҷо танҳо як роҳ мондааст, рафиқ лейтенанти калон ва он ҳам бошад ба тарафи карер (ҷойе ки аз он ҷо ашёи хом– хокро меоранд) мебарад, – гуфт Абдумаҷидов.
– Гуфтаниед, ки дар ин зимистон ба он тараф рафтани дўзд ғайримкон аст.
– Аслан ин ҷо зимистон ҳам нест, зимистони ҳақиқиро ман танҳо дар Сағирдашт дидам, ин ҷо бошад фақат ба ном зимистон, имрўз 27– декабр, вале то ҳанўз аз барф нишоне нест.
Магар ин ҳам зимистон шуд?
– Ин хел бошад чаро шубҳа мекунед?
– Ба тарафи карер рафтан ин танҳо бетаҷрибагии дўздро нишон медиҳад. Охир ў бояд дарк намуда бошад, ки дар хоки мулоим ҳатман нақши пояш боқӣ мемонд. Наход ба чунин амалёти мураккаб дастзанию оқибати коратро андеша накунӣ.
– Агар дўзд оқибати ҳама корро фикр мекард, ў дўзд набуд. Дўздон аслан таввакалро меписандиданд ва дар ҳодисаи мазкур ҳам ба назари ман ин истисно нест.
– Ин хел бошад, он тарафашро ба зимаи ману Алексей Владимирович вогузоред ва худатон беҳтар мешуд, ки кассиро мепурсидед.

пешина
аз 416
навбатӣ