Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ташхисгар – криминалист Сендеров дохили кассаро сурат гирифт.
Алексей Владимирович ҳар як сантиметри кассаро бо диққат омўхта, барои ёфтани нақши ангуштони «сайёҳи шаб– гард» кушиши зиёде ба харҷ дод. Дари говсандуқ дар ҳақиқат кушода буд.
Аз болои мизи кории кассир ва қисми беруни говсандуқ, ки бо хокаи махсус тоза карда шуданд, изи ангуштони ба чашм расидаро эксперт ба дактилокарта1 гирифт. Инчунин аз таги миз сигорети филтрдори қариб сухта тамомшударо ёфтанд. Дар фарши хона бошад ягон намуди нақши пойафзол ёфт нашуд.
– Шояд маҳкам кардани дари говсандуқро фаромўш намуда бошед, – пурсид Раҷабов аз кассир.
– Не, ман дарро дар ҳақиқат маҳкам карда будам ва инчунин ба Шумо бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки ман ҳеҷ гоҳ тамоку накашидаам ва аз куҷо пайдошавии ин тамокуи зормондаро ҳам намедонам, – бо овози гиряолуд гуфт Акопян.
– Ором шавед, – гуфт Раҷабов.
Дар касса аслан ягон нишонаи дигаре ёфт нашуд. Алексей Владимирович ба умеди ёфтани боз ягон нишонае аз ҷиноят дари говсандуқро кушод.
– Аз он 20300 сўм дар сейф нишоне намонда… Акопян беист ашк мерехт ва хонам сўхт мегуфт…
– Ҳангоми азназаргунаронии ҷойи ҳодиса маълум шуд, ки ҷинояткор ба воситаи тирезаи утоқи кории инженер – технолог вориди бино шудааст. Ин ҳодиса аз он шаҳодат медод, ки ҷинояткор ба намуди дохилии бино пурра шинос аст ва ё роҳбаладе доштааст, чунки танҳо қулфи утоқи кории инженер– технологро аз дохил бе калид кушодан мумкин буд.
Сендеров бо ҳаяҷон хабар дод, ки «меҳмон» бе нишонае нарафтааст, нақши ангуштони зиёде дар тирезаи утоқи кории инженер – технолог ёфт шуд. Дар интиҳо тамоми гирду атрофи бино аз назар гузаронида шуд, вале дар болои роҳравакҳои сементӣ ва роҳи мумфарши дохили завод, ки коргарон шабу рўз дар ҳаракатанд, ёфтани нақши пойи дўзд баробари онест, ки байни тудаи коҳ сўзанро меҷўйӣ…

пешина
аз 416
навбатӣ