АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Боқимондаи пул дар касса буд?
– Аниқтараш, намедонам. ба фикрам бояд дар касса монда рафтааст.
– Кӣ?
– Кассир.
– Ўро ҷеғ задед?
– Ҳоло не.
– Чаро?
– Бе рухсати шумо огоҳ кардани кассирро лозим нашуморидем, агар фармоед ҳозир автомашинаи навбатдорро барои овардани кассир мефиристам.
– Кассир дар куҷо зиндагӣ мекунад?
– Дар маҳаллаи Сариосиё.
– Ин хел бошад лозим нест.
– Ман ҳам дар ҳамин фикрам, эҳтимол ҳоло кассир ба роҳ баромада, – бошад гуфт Анатолий Фёдорович.
Раҷабов супориш дод, ки гурўҳи фаврӣ то омадани кассир роҳҳои чӣ тавр вориди бино шудани дўзд ё гурўҳи дўздонро муайян намоянд.
– Шумо Анатолий Фёдорович ду нафарро ба сифати шахси холис ба ин ҷо даъват намоед.
Кассир ҳам баробари холисон вориди бино шуд. Ақрабаки соат ба ҳафт наздик мешуд. То оғози кор боз як соат вақт монда буд, вале кассир як соат пеш омад. Чаро?
– Тенҷӣ– мӣ, – пурсид кассир кормандони милисаро дида.
– Татяна Ремезовна кассаро ғорат карданд, – гуфт Смагин.
– Медонам.
– Аз куҷо? – ҳайрон шуда пурсид сардори участка.
– Ба ман телефон карданд.
– Кӣ?
– Номашро ҳозир гуфта наметавонам, вале ҳатман дар рафти тафтишот ному насабашро мегўям.
Татяна Ремезовна Акопян зани дар намуд сиву панҷ– чил сола, қади миёна, бинии теғадор, чашмони осмонранг ва мўйи сиёҳи қайчизада дошт. Аз рўйи нишондоди Акопян дар касса 20300– сўми маоши коргарони завод буд. Дар иштироки худи кассир ҳайати гурўҳи тафтишотӣ мехи дари кассаро кашида ворид шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо