Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Басти шабона хишт мебаровард. Автомашина дар назди бинои маъмурии завод қарор гирифт.
Мўйсафеде автомашинаро дида ба наздаш омад ва ба кормандони милиса худро ҳамчун қаровул муаррифӣ кард. Аз чеҳрааш ҳувайдо буд, ки ў сахт тарсидааст.
– Кӣ ба милиса телефон кард?
– Ман аз воқеа огоҳ шуда, ба назди сардори смена рафта, тафсилоти ҳодисаро гуфта додам ва ў худаш ба милиса телефон кард. Ман бошам аз ҷойи хизматам дур нашудам худро сафед кардани шуд мўйсафед.
– Моро ба назди касса баред, – амр кард сардори гурўҳ муфаттиш Раҷабов.
– Хуб шудааст, – гўён мўйсафед итоаткорона пеш даромад ва дигарон аз қафои ў вориди бино шуданд.
Касса аз дигар кабинетҳо охиртар ҷойгир буд ва ҳатто дар болои дараш навиштаҷоте ҳам надошт.
– Ана, ҳамин ҷо, – гуфт Мадалиев.
– Дар – ку маҳкам, аз куҷо донистед, ки кассаро ғорат карданд? – пурсид муфатиш
– Дар кушода буд, барои эҳтиёт ман онро бо мех маҳкам намуда, сипас ба назди сардори баст давидам.
– Дар лаҳзаи ғорат кардани касса дар куҷо будед?
– Дар хонаи шафат сар ба зер афканда, – гуфт мўйсафед.
– Чӣ хоб будед?
– Ҳа, каме ғанабам бурдааст, ана, сардори смена ҳам омаданд, – гўён мўйсафед ҷилави гапро ба дигар тараф гардонидани шуд.
– Сардори басти участкаи якум Смагин Анатолий Фёдорович, – худро муаррифӣ намуд марди навомада.
– Муфаттиши ШКД ноҳияи Гулистон лейтенанти калони милиса Раҷабов, ба Анатолий Фёдорович даст дода, – гуфт сардори гурўҳ.
Смагин гурўҳи тафтишотиро ба рафти воқеа пуратар огоҳ сохт.
– Дирўз барои коргарони завод маош оварданд, то соатҳои бист қисме аз кормандон маош гирифтанд, қисми дигарро ба пагоҳ аниқтараш имрўз монданд, – гуфт Анатолий Фёдорович.

пешина
аз 416
навбатӣ