АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

То супоридани навбатдорӣ боз ду соат вақт буд.
– Хайр ин шабаш ҳам гузашт, рафиқ капитан, – гуфт ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Раҳимов ва чойники обдорро болои плиткаи электрикӣ гузошт.
– Аслан чунин оромиҳо ба ман маъқул нестанд, рафиқ сержант, – эътироз кард навбатдор.
– Чаро?
– Ҳоло худат дар милиса корманди нав, вале ман аз таҷрибаи корӣ борҳо натиҷаи оромиҳои шабонаро мушоҳида кардам.
– Ҳафтаи гузашта аз оинаи нилгун филми «Субҳи ин ҷо сокит аст» – ро тамошо кардам, дар ҳамон ҷо ҳам хомўшии шабона ба дили кас даҳшат зер мекард.
– Ана дидӣ, ки натиҷаи хомўшии шабона чист? – гуфт Беков. Занги 02 ҳардуро ба худ овард. Беков гўшакро бардошта расман худро ба мусоҳиби ношинос муаррифӣ карда, ному насаби зангзанандаро ба «Дафтари қайдҳо» сабт намуда гуфт, ки омадани гурўҳи оперативӣ– тафтишотиро интизор шаванд ва гўшакро ба ҷояш гузошта гуфт:
– Ана, натиҷаи хомўшӣ, кам не, ғам не, худи кассаи заводро ғорат кардаанд. Ва зуд ба воситаи селектор хабар дод.
– Диққат, диққат, гурўҳи фаврии тафтишотӣ ба шўъбаи навбатдорӣ ҳозир шавед.
Баъди панҷ дақиқаи эълон гурўҳи фаврӣ озими хонаи навбатдорон шуданд, ки дар байни онҳо лейтенанти милиса Абдумаҷидов низ буд. Ў ҳамагӣ се моҳ пештар аз курси донишҷўи Донишгоҳи Давлати Тоҷикистон ба вазифаи ваколатдори кофтукови ҷинояти ШКД ноҳияи Гулистон таъин шуда буд.
Навбатдори шўъба гурўҳи фаврӣ тафтишотро ба рафти воқеа огоҳ сохта, ба ҷойи ҳодиса гусел намуд. Автомашинаи милиса баъди даҳ дақиқа Абдумаҷидов ва ҳамроҳонашро ба заводи хишти шаҳр овард. Дарвозабон аз тиреза автомашинаи милисаро шинохт магар, ки тугмачаеро пахш намуд ва дарвозаи оҳанин болои релс ба ҳаракат даромада, барои гузаштани автомашина имконият дод. Дар завод кор дар авҷ буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо