АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

О Ҳ, Т А М А Р А!
ҚИССА
Тамоми шаб ў мижа таҳ накард. Симои Наташа ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. «Бо ҷинояткорон даст ба гиребон шудан осонтар аст аз он, ки ба ў бигўям: – Тўро дўст медорам…
Ба фикрам Наташа шунидани ин сухани ширинро интизор буд, вале ман ҷуръати гуфтани онро накардам. Хайр чӣ, модоме ки ман нагуфтам, чаро вай худаш чизе нагуфт. Ё ғурур кард… Пас муҳаббат куҷост? Ғурури нозарурамро Худо гирад…
Сару калобаашро гум кардагӣ барин пасу пеш қадам зада, даст ба рўйи дилаш бурда буд, ки аз қалбаш садо шунид:
«Исто ки чиҳо гуфта истодаӣ. Лаҳзае андеша намо. Охир он яроқашро ҳам мепартофт. Агар гумонат чунин бошад он ботил аст. Ё гумон мекунӣ, ки рўзе ин суханонро аз даҳони ў мешунавӣ. Не– е… Агар худат ҷуръат пайдо карда, ўро ба даст дарорӣ чӣ хуб, вагарна…
– Чӣ ў аз даст меравад?
– Албатта. Лаби боми ту нашуд, лаби боми дигаре.
– Охир ў манро дўст медорад.
– Медонам.
– Пас чӣ ҷойи шубҳа?
– Аз хушачини оддӣ беш нестӣ.
– Магар ин кам аст?
– Барои муҳаббати ҳақиқӣ ин қатрае аз баҳр аст.
– Чӣ магар аз осомон ситора биёрам?
– Ба фикрам ақлат ба ҷояш омад ва акнун гўш кун:
Хушачинии замин дарвешест,
Чидани хушаи Парвин ишқ аст!
– Фардо ман ҳамаашро ба Наташа мегўям.
– Мебинем».
Бо ҳамин фикру хаёлҳои ширин қарибиҳои субҳ хоб ғалаба карду лейтенанти милиса Абдумаҷидовро аз муколамаи минбаъда бо қалбаш вораҳонд.
… 2 …
Шаб ором гузашт. Навбатори ШКД ноҳияи Гулистон капитани милиса Беков аз рўйи тартиби муқарраршуда соати шаши субҳ дар бораи вазъи ноҳия ба Раёсати корҳои дохилии шаҳр телефонӣ хабар дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо