Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист, Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист!
Вале шумо, Сергей Павлович, на мардона зистеду на чун мард бой додан мехоҳед?
– Бе муаммо гап занед?
– Мутахассисон дар он ақидаанд, ки маҳз ҳамин навъи гиреҳе, ки шумо истифода бурдед, дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар лагерҳои фашистӣ ба асирони ҳарбие, ки ба ақибгоҳи хоки шўравӣ барои диверсия фиристода мешуданд, омўзонида мешуд.
– Чӣ ба ман акнун тамғаи хоинро ҳам часпониданиед, вале ба фикрам лойи қоқ дар девор намечаспад.
– Мечаспад ва боз чӣ хел… Маҳз ҳамин хулосаи мутахассисон моро ба андеша водор кард ва ба омўзиши ҳаёту фаъолияти мақтул пардохтем. Азбаски Кабиров на дониши мукаммал ва на истеъдоди фавқуттабӣ дошт ба сари қудрат омаданаш барои мо шубҳаовар намуд. Бояд ёдовар шуд, ки аз рўйи он расми зормондаи шумо духтараки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта, дунёи ҳастиро падруд гуфт.
– Чӣ ваяшро ҳам ба гардани ман бор карданиед?
– Албатта не, шумо ба ҳамин кирдорҳои хеш ҷавоб гўед кифоя. Оне ки барои ба даст овардани расми шумо кўшиш кард ва он духтаракро ба қатл расонд, ба даст афтод. Дар ин бора метавонед осуда бошед.
Баъди хулосаи мутахассисон мо низ ба ҷустуҷўйи расми шумо пардохтем ва онро ба даст овардем, ҷаноби Астахов Сергей Павлович.
– Чӣ?
– Он чӣ ки шунидед, ҷаноби Архангелский. Ана, он расм, – Сорбони Ҳомид коғазеро аз болои шишаи мизи кориаш бардошта, мўйсафедро ба тамошои расмаш таклиф кард.
Мўйсафед дигар маҷоли сухан гуфтан надошт.
– Ана, Кабировро барои чӣ ба мансаби хеш пешниҳод кардед ва барои чӣ ба қатл расонидед, чунки ў ҳамеша ба воситаи ин расм шуморо метарсонд ва он расме, ки шумо ёдовар шудед ин фантазияи худи шумост. Хонаро бошад маҳз барои наёфтани ҳамин расми ҷавониатон оташ задед, гумон доштед, ки гузаштаро ба хокистар табдил диҳед, то касе шуморо нашиносад…

пешина
аз 416
навбатӣ