Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оё ҳамин нишондодатонро ҳоло тасдиқ мекунед ё не?
– Боз чӣ ҷойи тасдиқ кардан, айнан кор ҳамон хел ранг гирифт, ки ман аллакай чанд соат пештар гуфта гузаштам ва барои ин тайёрам дар назди қонун ҷавоб диҳам.
– Гўед, ки он расмро аз куҷо ёфтед?
– Аз байни яке аз китобҳо, ба фикрам аз байни китоби Мопассан «Милий друг».
– Ва барои як расм шуда хонаро оташ заданӣ шудед?
– Албатта, ин баробари он аст, ки барои як кайк шуда пўстинро оташ занӣ, вале ман аз рўйи ҳамин як расм шуда, чӣ қадар азоб кашидам ва шумо бояд ин тарафи масъаларо ҳам андеша намоед.
– Ва боз як чизи дигарро шарҳ медодед?
– Чиро?
– Ҳамон гиреҳе ки ба воситаи он Кабировро буғӣ намудед, мутахассисон дар он ақидаанд, ки он гиреҳи оддӣ нест?
– Гиреҳ ҳамаш гиреҳ, боз чӣ хел соддаю мушкил доштааст?
– Ҳамаи гап дар ҳамин маҳз аввалин хатое, ки шумо содир кардед, ин истифодаи ҳамин гиреҳ буд.
– Чӣ хел хато, шумо чиро дар назар доред?
– Беҳтар мешуд, ки ба ин савол лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид ҷавоб мегуфт,– амр кард муфаттиш.
– Чӣ илоҷ модоме, ки худи Сергей Павлович ба ин масъала рўшанӣ наандохт, то ҳадди имкон мо ба ў ёрӣ медиҳем:
– Чӣ хеле, ки муҳтарам Зарифӣ гуфтанд, маҳз гиреҳе ки шумо ба воситаи он Кабировро буғӣ кардед, таваҷҷўҳи мутахассисони моро бедор кард. Дар таҷрибаи корӣ онҳо бори аввал ба чунин гиреҳи дорои хусусиятҳои хос дошта, рў ба рў шуданд. Аз ин рў, ҳар як ҷузъи гиреҳро дар алоҳидагӣ омўхта, ба адабиётҳои ин соҳа муроҷиат намуданд ва ба суоли хеш ҷавоб ҳам гирифтанд, ки ба фикрам аз натиҷаи он шумо, Сергей Павлович, шод нахоҳед шуд, чунки ҳама амалиётро то майдатарин ҷузъиёташ фикр карда баромадеду ба ҳамин чизи оддӣ диққат надодед.
– Охир ман ҳамаашро ба гардан гирифтам, боз аз ман чӣ мехоҳед, барои кадом як гиреҳ шуда ба гуноҳам софдилона иқрор шудани маро ба инобат нагиред.

пешина
аз 416
навбатӣ