АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Уведите арестованного!
– Мўйсафеди бало,– баъди рафтани Архангелский аввалин шуда хомўширо вайрон карда гуфт Мирзоев.
– Аз ў чӣ ҷойи гила модоме, ки дар ҷавонӣ Модар – Ватанро фурўхт, пас дар давоми солҳои баъдина барои ҷон ба саломат бурдан, албатта, ба ҳама корҳои пасту манфур ҳам даст задагист. Бубин чӣ тавр он расмро бо саргузашташ ба қалам дод. Хайрият, расми аслиро ёфтем вагарна мо ҳам ба ин саргузашти хайёлии ў бовар мекардем, сухани Мирзоевро қувват дод муфаттиши прокуратура Зарифӣ.
– Бо сабру тоқати шумо ҳам мо қоил, чунон ўро бодиққат гўш кардед, ки худаш ҳам ба дурустии суханонаш бовар кард, вале илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфтагӣ барин он расмро сўзонд. Лаънатӣ гумон дорад, ки моро ба як нўл занад, зинда бошем мебинем, ки боз аз куҷоҳо мехонад, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Албатта, барои талоши ҷон ў хело дастак хоҳад зад, вале ҳамаи ин бефоида. Биёед беҳтараш ба тановули нисфирўзӣ равем бо ишками танбўр–навозанда суҳбат ҳам хуш нест,– гуфт Мирзоев. Зарифӣ ва Сорбони Ҳомид таклифи сардори бахши кофтукови ҷиноятиро пазируфта аз ҷой бархестанд…
… 53 …
Дар нимаи дуюми рўз Зарифӣ ва Сорбони Ҳомид аз нав Архангелскийро ба ҳузри хеш хонданд. Мирзоев бо супориши Қаюмов аз пайи иҷрои супориши дигаре рафт. Баробари вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шудани Архангелский муфаттиш хабар дод, ки пурсишро давом диҳем. Соҳиби утоқ лентаи сабти овозро дар магниитофон иваз намуда, тугмаи онро пахш кард.
– Аз нишондоди сари субҳ додаатон бармеояд, ки шумо Кабировро бо роҳи фалақ андохтан ба қатл расонидед ва расме, ки ҳамеша ба воситаи он шуморо таҳдид мекард, баъди ба даст овардан оташ задед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо