АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Тафтишотро кӣ мебарад?
– Ба фикрам Раҷабов. Дирўз Хайруллоев дар ҳамин ақида буд.
– Рухсат диҳед равам, рафиқ подполковник.
– Аз паи кор шавед. То бегоҳ плани корҳои таъҷилӣ – ҷустуҷўиро ба назди ман биёред!
– Хуб шудааст…
… 14 …
– Ҷеғ зада будед, Григории Александрович?
– Ҳа, марҳамат дароед Файз Абдуллоевич. Мехостам фаҳмам, ки «Парвандаи ҷустуҷўи кассаи Заводи хишт» – ро ба кӣ вобаста намудед?
– Ба лейтенанти милиса Абдумаҷидов.
– Охир ў то ҳанўз таҷрибаи кофӣ наандўхтааст, ин чӣ хел мешавад.
– Нағз мешавад, Акбаршоҳ ҷавонӣ болаёқат аст. Ман имрўз тамоми масъулиятро ба дўши хеш гирифта, барои мустақилона парвоз карданаш рухсат додам.
– Ин тавр бошад ман розӣ. Ба ҳар ҳол аз ў ёрии хешро дареғ надоред. Ҳар яки мо аз ҳамин мактаби Абдумаҷидов гузаштаем ва ман хело шодам, ки нисбати шогирд ақидаи мусбӣ доред, – гуфт Кирилчик.
… 15 …
– Алло.
– Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Ин ман.
– Наташа Шуморо гўш мекунам.
– Чаро дирўз наомадед?
– Соати 17 дар назди шеф будам.
– Ман Шуморо расо панҷоҳ дақиқа интизор шудам.
– Узр, ки як соат дар назди шеф банд шудам.
– Имрўз омада метавонед?
– Не, азизам, имрўз омада наметавонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо