АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Охир бо кӣ сару кор доштанамонро медонем ва агар ҳамин шаб мўйсафедро дастгир накунем, фардо дастгир кардани ў ба гумон.
Назорат аз болои хонаи Архангелский ба дўши Мирзоев ва милисионер Бобоков, назорати бўстонсарои Кабиров ба зимаи Сорбони Ҳомид ва милисионер Ҳабибов афтид. Зарифӣ тарафи техникии кор, яъне назорат аз болои телефонро ба дўши худ гирифт.
Дар чунин ҳолатҳо аз засада (дар камингоҳ интизор шудан) дида кори беҳтаре нест. Аз чӣ бошад, ки ҳайати гурўҳ хомўшии панҷрўзаи мўйсафедро муваққатӣ пиндошта, аз нав назорати берунии бўстонсарои Кабировро ки дар он ҷо баъди ёфтани расми Сергей Павлович дигар коре намонда буд, боз ба дўши хеш гирифтанд…
Бинобар он ки ҳамаи ҳайати гурўҳ бо яроқи хизматӣ таъмин буд, ба идора баргашта рафтан ин бефоида гузаронидани вақт буд. Баъди оне ки Абдулло Мирзоев ба ҳайати ҳарду гурўҳ дастури муфассал дод, ҳама аз пайи иҷри он шуданд.
Сорбони Ҳомид ва милисионер Акмалшо Ҳабибов, ки аллакай, як маротиба посбонии бўстонсарои мазкурро дар ин ҷазираи бефарёд бар дўш дошт, баробари торик шудан ба наздикии бўстонсарои Кабиров омада, пас азназаргузаронии гирду атроф камингоҳи муносиберо интихоб намуда, бўстонсароро ба зери назорати хеш гирифтанд…
Дар ин муддат муфаттиши прокуратура Зарифӣ масъалаи ба зери назорат гирифтани телефони хонаи Архангелскийро дар асоси қонун ҳал кард.
Мўйсафед тайи панҷ рўзи баъди ҷаноза ҳамаи тарафҳои амалиёти оншабаашро пеши назар овард. Ҳарчанд амалиёти оншаба бобарор гузашт, вале ў хатои хешро ҳис кард. Ман бояд ҳамон гиреҳеро, ки дар мактаби диверсионии гитлерӣ омўхта будам истифода намебурдам,– аз дил гузаронид ў.
– Дар он сурат Кабиров худи туро ба ҷаҳаннам мефиристад, фаромўш накун, ки акнун ту он қувваи пештараатро кайҳо аз даст додаӣ ва таълимоти мактаби фашистӣ баъди ин қадар солҳо аз нав туро аз марг вораҳонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо