АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 50 …
Дар атрофи расми аз бўстонсаро ёфтшуда, баҳсу мунозираи тўлоние сар шуд. Ҳар кас дар ин бора фикру ақидаи алоҳидае дошт. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин кори КБД аст, вале Ҳамроҳ Қаюмов ҳамаро ором карда гуфт, ки Архангелский аввал бояд ҷавоби кушторро диҳад, дар рафти тафтишот бошад мо гуноҳҳои дигари ўро рўйи об хоҳем баровард.
– Охир, ўро ҳамчун хоин ба маҳкама кашидан лозим, – гуфт кадоме аз нишастагон.
– Албатта, рафти тафтишот симои аслии хоинро ҳам рўйи об мебарорад, вале исботи гуноҳи ў дар солҳои ҶБВ осон нест.
– Охир расмаш ҳаст –ку?
Расм дар сурате қувва пайдо мекунад, ки агар Сергей Павлович худаш онро шарҳ диҳад, ҳоло шумо ба ман гуноҳи ўро дар куштори Кабиров собит кунед.
Соати 18– и рўзи 18 май гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар ҳайати муфаттиши прокуратура Зарифӣ, сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Мирзоев, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ва ду милисионери қаторӣ ба манзили Архангелский ташриф оварданд.
Дарро ба рўйи онҳо ҳамсари соҳибхона кушода гуфт, ки шавҳараш ним соат пештар аз хона баромад ва аз соати 23 пештар баргаштанаш ба гумон.
– Оё шумо ба куҷо рафтани ўро намедонед?
– Не, гуфт ки корам ҳаст ва аз соати 23 пештар баргаштанам ба гумон,– ҷавоб дод Елена Александровна.
Гурўҳ дар беруни ҳавлӣ машварти хурде орост.
– Баъди ошкор намудани хеш моро ба ҷуз дар камингоҳ истода омадани Архангелскийро интизор шудан чорае нест. Аз ин рў, бояд камингоҳи дурустеро ёфта хонаро ба зери назорат гирем,– гуфт Мирзоев.
– Агар рафту Архангелский телефон карда монад-чӣ?
Албатта, ҳамсараш дар бораи ташрифи мо ба ў хабар хоҳад дод, дар он сурат дар камингоҳ истодани мо фоидае надорад,– эътироз кард Сорбони Ҳомид.
– Чӣ хеле мегўянд ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд,– ба гап даромад муфаттиш Зарифӣ, биёед беҳтар ҳамаи тарафҳои ин масъаларо дар ҳамин ҷо ҳал намоем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо